Хочи мирзо дар бораи коронавирус чи гуфт
Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баътар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд.
Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад.
Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.
Аломатҳо (Симптомҳо)
Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респирптории сабук то бемории бемориҳои шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд.
Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ меошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки нн вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирфитори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд бемории шадидро ба амал меоранд.
Сарчашмаи вирус
СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.
Роҳи гузариш
Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд.
Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.
Пешгирӣ ва табобат
Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд ҷораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла шустани дастҳо пеш аз он ки ба ҳайвонҳо расидан мебошд.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.
Абдураимзода Ш., Сардори қисми тиббии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Назаре ба бозёфтҳои охирини олимон дар бораи вируси нав
Воҳимаи паҳншавии коронавирус ҳар рӯз бештар мешавад. Одамоне, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд, аз наздик шудани вируси нав ҳушдор медиҳанд.
Тибқи иттилои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, аз аввали моҳи январ то 28-уми феврал беш аз 83 000 нафар ба коронавирус гирифтор шуда, наздик ба 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Нигарониҳо дар Тоҷикистон ҳам садо медиҳанд. Мақомот парвозҳоро ба Чину Эрон муваққатан қатъ карда, масъалаи парвозҳо ба Кобулро баррасӣ доранд. Бо ишора ба сабт шудани як ҳолати гирифторӣ ба вирус дар Афғонистон ва афзоиши шумораи ҳодисаҳои тасдиқшудаи сироят ва фавти мардум аз ин беморӣ дар Эрон.
Дар Узбекистон Маркази мубориза ба зидди коронавирус фаъолият мекунад. Чанд рӯз пеш бо сабаби сар задани коронавирус дар Афғонистон ин Марказ дар ҷаласаи худ пешниҳод кард, ки сарҳад бо Афғонистон муваққатан баста шавад. Вале дар вебсайти Вазорати тандурустии Узбекистон то ҳол маълумот дар бораи он ҷаласаи Маркази мубориза бо коронавирус ва таклифи баста шудани сарҳад нашр нашудааст.
Дар Тоҷикистон, аз ҷамъи 1148 нафаре, ки аз Чин ба кишвар омадаанд ва аз хатари коронавирус ба карантин гирифта шудаанд, беш аз 880 нафарашон (то рӯзи 26-уми феврал) аллакай рухсат шудаанд. Тибқи гузоришҳо, дар байни одамони дар карантинбуда нишонаҳои сирояти коронавирус пайдо нашудаанд.
Оғози паҳншавии коронавирус
Аз моҳи декабри соли 2019, дар Вуҳан як бемории шадиди роҳи нафас, ки тавассути вируси номаълум ба вуҷуд омадааст, зуд ва бо суръати зиёд ба тамоми Чин (Хитой) паҳн шуд. Овозаи ин беморӣ бо суръати зудтаре аз худи беморӣ паҳн мешаванд ва мардумро ба воҳима меоварад. Матбуот ба он таваҷҷуҳи бесобиқа нишон медиҳад.
Рӯзи 23-юми январ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) эълом дошт, ки пандемия номидани паҳншавии коронавирус ҳанӯз зуд аст, аммо аллакай пас аз ҳафтае, 30-юми январ, СҶБ эълон кард, ки хуруҷи коронавирус як ҳолати фавқулодаи хатар ба сиҳатии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вируси марговарро ҳарчи зудтар пайдо кунанд.
Вируси нав аз одам ба одам мегузарад ва суръати паҳншавии он назар ба зукоми оддии мавсимӣ тезтар аст.
Коронавирус барои бизнес ва саноат мушкилоти зиёдеро ба бор овард. Бозорҳои саҳомӣ пас аз паҳн шудани вируси нав ба берун аз Чин хеле коҳиш ёфтаанд.
Одамон аз мулоқот, сафари корӣ ва тафреҳӣ худдорӣ мекунанд. Бо мақсади пешгирии паҳншавии вируси нав, сиёсатмадорон ҳолатҳои фавқулода эълон намуда, ҳалли дигар масъалаҳои мубрамро ба қафо гузоштаанд. Мақомоти кишварҳо чорабиниҳои оммавӣ ва маҷлисҳоро бозмедоранд, донишгоҳҳо ва семинарҳо, мактабҳо ва кӯдакистонҳо, осорхонаҳо, тарабхонаҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ баста мешаванд.
Роҳбандон ва давраи хоби вирус
Сарҳади кишварҳо баста мешаванд, шаҳрҳои хурду бузург дар муҳосира мемонанд. На танҳо дар Хитой, балки дар кишварҳои дигари ҷаҳон дарвозаи баъзе шаҳрҳо, ки дар он ҷо авҷи коронавирус ба амал омадааст, пурра баста шудаанд. Рӯзи якшанбе (23-юми феврал) дар Итолиё пас аз тасдиқи он ки ба 133 нафар вируси COVID-19 сироят кардааст ва ҳашт нафари онҳо, ки синнашон аз 77 боло буд, аз ин беморӣ фавтиданд, 10 шаҳр бо аҳолии тақрибан 50,000 нафар пурра баста шуданд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сиёсатмадорон дар сатҳи болотарин вохӯриҳо баргузор мекунанд ва даъват мекунанд, ки барои боздошти паҳншавии вируси хатарнок "иқдоми бесобиқа" гузошта шаванд. Масалан, мақомоти Исроил дастурҳоро "барои исроилиёне, ки ба ватан бармегарданд" таҳия кардаанд ва сиёсатмадорон талаб мекунанд, "ин дастурҳо қатъан риоя карда шаванд."
Тибқи як таҳқиқоти Чжонг Наншан – роҳбари гурӯҳи коршиносон, ки аз ҷониби ҳукумати Чин таъин шудааст ва назорати хуруҷи коронавирусро ба ӯҳда дорад, давраи миёнаи исоби (инкубатсияи) коронавирус танҳо се рӯз аст. Натиҷаҳои таҳқиқоти охирини нашршуда нишон доданд, ки танҳо дар баъзе ҳолатҳо давраи исоб барои коронавируси нав метавонад то ба 24 рӯз бирасад. Аз ин рӯ, дароз кардани мӯҳлати инҳисор (карантин) барои шахсони гумонбар ба ин беморӣ лозим нест.
Натиҷаҳои ба дастовардаи олимон барои роҳнамоии амалияи барқарор кардани мӯҳлати инҳисор барои қатъи иртиботи наздик бо беморони сироятшудаи коронавируси COVID-19 истифода мешаванд.
Вақте кас вирус мегирад
Олимон даъво доранд, ки COVID-19 ба истилоҳ, ҷияни коронавирусҳои қаблии SARS ва MERS мебошад, ки ҳамаашон аз зоти коронавирусҳои зоонотикӣ ҳастанд, яъне онҳое, ки аз ҳайвонот ба одам гузаштаанд.
Оид ба он ки COVID-19 чӣ гуна дар тани инсон амал мекунад ва ба он зарар меорад, олимон то ҳол ҷавоби дақиқ надодаанд. Ягона чизи то ҳол маълум он аст, ки коронавируси COVID-19 ба монанди коронавирусҳои SARS ва MERS шадидан зарарнок аст. Ба монанди дигар бемориҳои роҳи нафас COVID-19 дар бадани инсон "тӯфон" ва "оташ" барпо мекунад ва он на танҳо ба шуш, балки ба ҷигар, гурдаҳо, испурч ва узвҳои дигари ҳаётии бадан таъсир мерасонад.
Беморон метавонанд табларза ва сулфа дошта бошанд, ки баъдан варами шуш ё бадтар аз онро ба бор меоваранд.
Анна Сук-Фонг Лок, муовини декани маркази таҳқиқоти бемориҳои Мактаби Пизишкии Донишгоҳи Мичиган ва собиқ президенти Созмони Амрико оид ба омӯзиши бемориҳои ҷигар шарҳ медиҳад, ки ба монанди зукоми муқаррарӣ, ҳама коронавирусҳо (ҳам SARS ва MERS ва ҳам COVID-19) бемориҳои роҳи нафас мебошанд ва маркази ҳамлаи онҳо шуши инсон аст. Одатан онҳо ҳангоми сулфа ё атсазании шахсе паҳн мешаванд. Дар чунин ҳолат қатрачаҳои сулфа ва ё атсаи ин шахс дар ҳаво паҳн мешавад ва метавонад вирусро ба ҳар одами бо ин шахс дар тамоси наздик буда, бирасонад.
Се марҳилаи марговар
Аммо дар ҳақиқат вақте ки ин коронавируси нав ба инсон сироят мекунад, ба узви бадани инсон чӣ мегузарад?
Ба гуфти олимон, беморӣ одатан дар се марҳила ба шуш таъсир мерасонад:
- нусхабардории вирус
- фаъолияти аз ҳад зиёди низоми масуният (низоми иммун)
- вайрон шудани шуш
На ҳама беморон аз ин се марҳила мегузаранд. Дар асл, танҳо 25 дарсади беморони ба вируси роҳҳои нафас сироятшуда аз норасоии шадиди кори шуш азият мекашанд. Монанд ба ин, тибқи маълумоти пешакӣ, 82 фоизи ҳолатҳои сироят ба вируси COVID-19 нишонаҳои сабуки бемориро ба бор меоваранд, ҳолатҳои боқимонда ҷиддӣ ё хатарнок мебошанд.
Дар рӯзҳои аввали сироят коронавируси нав ба ҳуҷайраҳои шуши одам зуд ворид мешавад. Ин ҳуҷайраҳои шуш дар ду намуд пайдо ҳастанд: онҳое, ки луоб ба вуҷуд меоранд ва онҳое, ки дорои пашми ба мӯй мубаддалгардида мебошанд, ки ин пашмакҳо мижача ном гирифтаанд. Луоб бофтаи шушро аз микроорганизмҳои зарарнок муҳофизат мекунад ва шуши моро намемонад хушк шавад. Ҳуҷайраҳои мижачаҳо бошад дар атрофи луоб давр мезананд ва тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, то луобро аз хошоке ба монанди гард ё вирус ва дигар ғализиҳо тоза нигоҳ доранд.
Мэттю Фриман, як профессори Мактаби тиббии Донишгоҳи Мэриленд, ки коронавирусҳои зарароварро меомӯзад, шарҳ медиҳад, ки "коронавируси SARS куштани ҳуҷайраҳои мижачаҳоро дӯст медошт ва ба ин восита роҳҳои нафаскашии беморро бо хошок ва моеъ пур мекард. Фриман бар он аст, ки коронавируси нав ҳам худи ҳамин гуна амалро ба бор меоварад". Мэттю Фриман барои он ба ин хулоса мерасад, ки таҳқиқоти пешакии вируси COVID-19 нишон доданд, беморони зиёде ба варами ҳарду шуш гирифтор мешаванд ва нишонаҳои монанди тангии нафаскаширо доранд.
Маҳз аз ҳамин вақт марҳилаи дувуми таъсири зарарноки вируси COVID-19 шуруъ мешавад, ки дар ин марҳила низоми масунияти бадани мо кори худро оғоз мекунад. Ҳангоми ҳузури ҳамлаи вирусӣ узвҳои дохилии бадани мо барои мубориза бо ин беморӣ фаъол мешаванд ва шушро бо ҳуҷайраҳои масуниятӣ (иммунӣ) пур мекунанд, то вайроншавии шушро пешгирӣ, барканор ва бофтаи шушро барқарор кунанд.
Бо фаъолияти дурусти низоми масуният, ин раванди илтиҳоб ба таври қатъӣ танзим карда мешавад ва кори он танҳо бо минтақаҳои сироятшуда маҳдуд мешавад. Аммо вақте низоми масунияти мо вайрон мешавад, ин ҳуҷайраҳои масуниятӣ дар роҳи худ ҳама чизро, аз ҷумла бофтаҳои солими узвҳои бадани моро мекушанд. Шушҳои мо боз ҳам чиркинтар мешаванд ва варами онҳо шадидтар мешавад.
"Ҳамин тавр, аз аксуламали низоми масуният (ҳангоми сирояти коронавирус), мо зарари бештар мебинем, на камтар", -- мегӯяд профессор Мэттю Фриман.
Дар марҳилаи саввум зарари коронавирус ба шуш торафт меафзояд, ки метавонад ба камбуд ё истоди кори шуш оварда расонад. Дар ин ҳолат, ҳатто агар он ҳолат марговар ҳам набошад ва баъзе беморон зинда монанд, ба шуш осеби сахт мерасад. Мисли вируси SARS, коронавируси нав дар шуши зарардида сӯрохиҳоро ба вуҷуд меорад, ки онҳо "намуди сӯрохиҳои асали мумдор"-ро доранд. Олимон чунин меҳисобанд, ки ин сӯрохиҳои "мисли асали мумдор" эҳтимол аз ҷониби аксуламали аз ҳад зиёди низоми масуниятии мо ба вуҷуд меоянд, ки натиҷаи он аксуламал бояд ҷароҳатҳое бошанд, то шушро аз вирус ҳифз намоянд ва мустаҳкам нигоҳ доранд.
Дар ҳолати вориди чунин тағйирот ба шуш, ба шуши беморон аксар вақт вентиляторҳо мегузоранд, то нафаскашии онҳоро осонтар гардад.
Дар баробари он, чунин варами шуш ба мембранаҳои байни халтаҳои нафас ва рагҳои хунгузар таъсир мерасонад ва онҳоро шаффофтар мегардонанд. Ин ҳол боиси бо моеъ пур шудани шуш мегардад, ки ба қобилияти он ба пур кардани хун бо оксиген таъсири бад мерасонад. "Дар ҳолатҳои вазнин аксар вақт шумо шуши худро бо моеъ пур мекунед ва бинобар ин нафас гирифта наметавонед," -- хулоса мебарорад профессор Мэттю Фриман ва меафзояд, "ҳамин тавр одамон мемиранд."
Рахна дар узвҳои дигари бадан
Вақте ки коронавирус ба бадани мо дохил мешавад, он дар тарафи берунии ҳуҷайраҳои инсон ҳуҷайраҳоеро меҷӯяд, ки дарвозаҳои дӯстдоштаашро доранд: яъне - сафедаҳоеро, ки ретсепторҳо ном доранд. Агар вирус дар ҳуҷайра ретсепторҳои мувофиқро пайдо кунад, вай метавонад ба он ҳамла кунад.
Ба гуфтаи Анна Сук-Фонг Лок (муовини декан оид ба тадқиқоти бемориҳо дар Мактаби Пизишкии Донишгоҳи Мичиган ва президенти собиқи Созмони Амрико оид ба омӯзиши бемориҳои ҷигар), баъзе вирусҳо "ҳангоми интихоби дарҳои ворид шуданашон хосияти хурдагирӣ доранд, аммо дигарон каме бадахлоқтар ҳастанд ва метавонанд ба осонӣ ба ҳамаи намудҳои ҳуҷайраҳо ворид шаванд."
Аммо, ин аслан нишонаи он нест, ки худи вирус дар тамоми бадан паҳн мешавад, – мегӯяд Ангела Расмуссен, муҳаққиқи вирус ва пажӯҳишгари Мактаби тандурустии ҷамъиятии Колумбия.
Тибқи назари муҳаққиқи ахирӣ, ин ҳолат метавонад як тундбоди оддии ситокинҳо бошад, яъне сафедаҳое, ки низоми масуният онҳоро ҳамчун нишонҳои амали худ истифода мекунад. Ситокинҳо ҳуҷайраҳои масуниятиро ба макони сироят ҷалб мекунанд. Сипас ҳуҷайраҳои иммунӣ бофтаи зарардидаи баданро мекушанд, то қисмҳои дигари аъзои баданро эмин нигах доранд. Мо ба низоми масуниятии худ такя карда, дар муқобили таҳдидҳо ором монданро интихоб мекунем. "Аммо дар вақти сирояти беназорати коронавирус, низоми масуният цитокинҳоро бидуни ҳеҷгуна танзим ба шуш ворид мекунад" - шарҳ медиҳад Ангела Расмуссен.
Ҳамин тариқ, таъсири сирояти коронавирус берун аз шуш паҳн мешавад. Тӯфони ситокинӣ илтиҳобро ба вуҷуд меорад, ки рагҳои хунгузарро дар шуш суст намуда, маҷбур мекунад, ки моеъ ба халтаҳои шуш ворид шавад." Дар асл, рагҳои хунгузаратон худашон хун мерезанд", – мегӯяд Ангела Расмуссен. "Тӯфон ба низоми гардиши хуни шумо ворид мешавад ва барои якчанд узвҳои низомиатон мушкилот эҷод мекунад ва аз ин ҳол дигар ҳама чиз метавонад ҳоли бадтареро пайдо кунад."
Олимон то ҳоло дақиқ намедонанд, ки чаро баъзе беморон дар ҳолати сирояти коронавирус мушкилии бемориҳои берун аз шушро аз сар мегузаронанд, аммо сабаби он метавонад ба бемориҳои аслӣ, ба монанди бемории қалб ё диабет вобаста бошад.
Ҳомила ва коронавирус?
Дар маҷаллаҳои тиббӣ аллакай дар бораи таҳқиқоти сар задани вируси нави COVID-19 мақолаҳои зиёде чоп шудаанд. Аммо, ба гуфтаи Ангела Расмуссен, дар асл "фаҳмидани ҳамаи ин маълумот, фаҳмидани он ки кадоме аз ин маълумот воқеият асту кадомаш "обфурӯшист", мушкил аст".
Масалан, ҳафтаи гузашта духтурони беморхонаи Вуҳан хабар доданд, ки ду кӯдак дар бораи сирояти коронавирус натиҷаи мусбат нишон доданд ва яке аз онҳо пас аз 30 соати таваллуд шуданаш. Табиист, ки сарлавҳаи ин мақолаи нигаронкунанда зуд дар шабакаҳои хабарии зиёде паҳн гашт, зеро суоле ба миён овардааст, ки оё занони ҳомила метавонанд кӯдакони таваллуднашударо дар батни худ сироят кунанд ва ё ки ин беморӣ мумкин аст ҳангоми таваллуд ва ё тавассути шири сина сар зада бошад?
Қаблан, бо вуҷуди он ки занони ҳомила ба коронавирусҳои SARS ё MERS сироят ёфта буданд, ягон холати гузаштани ин вирусҳо аз модар ба кӯдак сабт нашуда буд. Ангела Расмуссен мегӯяд: "Ғайр аз он, дигар роҳҳое ҳастанд, ки кӯдаки навзод метавонад коронавирусро пайдо кунад. Масалан, дар ҳолати фавқулода ҳангоми таваллуд дар беморхонаи пур аз беморони сироятшуда."
Дар асл, натиҷаи як пажӯҳиши нав, ки рӯзи панҷшанбеи гузашта дар Лансет нашр шудааст, далелҳои пешакӣ меоварад, ки коронавирус аз модар ба кӯдак интиқол дода намешавад. Дар гузориши худ муҳаққиқон навиштаанд, онҳо нӯҳ занро дар Вуҳан мушоҳида кардаанд, ки мубталои вируси COVID-19 буданд. Баъзе занон бо душвориҳо дучор мешуданд, аммо ҳама ҳолатҳо боис ба таваллуди зинда ва бе далелҳои интиқоли вируси нав буданд. Гарчанде ки ин таҳқиқот имкони интиқоли вирусро дар давраи ҳомила будан пурра истисно намекунад, аммо зарурати эҳтиётнигорӣ дар мубоҳисаҳо дар бораи ин беморӣ таъкид карда мешавад.
Ангела Расмуссен мегӯяд, "пеш аз он ки шумо дар бораи воқеият будани рӯйдоде сухан мегӯед, бояд дар даст далелҳои қатъӣ дошта бошед ва ҳатман пеш аз ворид кардани тағйирот ба усули табобат ё аз нуқтаи назари дахолат ба сиёсати давлатӣ далелҳои қатъӣ бояд вуҷуд дошта бошанд".
Чӣ бояд кард?
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироят ба коронавируси нав тавсияҳое омода кардааст.
Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд–зуд дастҳои чиркиншударо бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз олудан ба чирк ё партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед. Ин ва дигар чораҳои муҳофизат аз коронавирусро тавассути пахш кардани ин линк пайдо кардан мумкин аст.
Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва алоқаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кушиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашъёи атрофро камтар даст расонем.
Тибқи баъзе гузоришҳо, паҳншавии коронавирус коҳиш ёфтааст, аммо шод шудан ҳанӯз хеле зуд аст. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем. Саломат бошем!
Саволу Чавоб Пура 04 февраль КОРОНАвирус ХОЧИ МИРЗО 2020 амри маъруф
ХОЧИ МИРЗО ЧИ ГУФТ КОРОНАВИРУС НИШОНАИ КИЁМАТ АСТ
Хочи МИРЗО оиди КОРОНАВИРУС кисми 1 бо Саёфи МИЗРОБ Хидоят 174 Домулло зиё 174
ХОЧИ МИРЗО ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС
ХОЧИ МИРЗО КАРОНАВИРУС 2020
Хочи Мирзо дар бораи КОРОНАВИРУС 2020
Хочи Мирзо Чавоби Саволхои шумо Nozanin TV
ГИРЯИ ХОЧИ МИРЗО БАРОИ РУЗИ КИЁМАТ НАЗДИК ШУДА ИСТОДА АСТ Ё АЛЛОҲ
Коронавирус Чанд нуктаи бехдошти аз Хочи Мирзо 2020
Хочи Мирзо барои коронавирус
ХОЧИ МИРЗО 2020 г Дар бораи Коронавирус
Коронавирус Хочи Мирзо Хифз аз ин бемории вабо
ХОЧИ МИРЗО дар бораи коронавирус
ХОЧИ МИРЗО САБТИ НАВ ИМРУЗ СРОЧНО БИНЕД ГАРИБО 21 04 2020
КоронаВирус Хочи Мирзо
Хочи Мирзо оиди Коронавирус кисми 2 бо Сайёфи Мизроб Хидоят 174 Домулло зиё 174
Дар Чаноза Бо Осмон Нигох Кардан САВОЛУ ЧАВОБ Хочи Мирзо 2020
Хочи Мирзо дар бораи Коронавирус чи гуфт Марти 2020
ХОЧИ МИРЗО КИЯ ЗУР СРОЧНО БИНЕД НОМАШРО МЕШНАВИ ЛАРЗАТ МЕГИРА 22 04 2020
Дар бораи Коронавирус Хочи Мирзо 2020
КАСЕ ЗАН МЕГИРА БИНЕД ИНРО ХОЧИ МИРЗО 2020 САВОЛУ ЧАВОБ
Хочи Мирзо Аз КоронаВирус Метарсен Аз Аллох Не
Куръон Дар Бораи РАМАЗОН чи мега ХОЧИ МИРЗО 2020
ХОЧИ МИРЗО ДАР БОРАИ КАРОНА ВИРУС Title
ДАР КАБРИ МОДАРИ ХОЧИ МИРЗО Г ДАШНОМ БА ХОЧИ МИРЗО
ХОЧИ МИРЗО СУХА БО ДАСТ ЧОИЗ БУДАСТ ОГОХ БОШЕД ДАР КАДОМ ХОЛАТ СРОЧНО БИНЕД
Хочи Мирзо Сапти нав Огох бошед Гарибо 11 04 2020
КОРОНА ИН АЗОБИ АЛЛОХ АСТ ДОМУЛЛО АБДУЛКОДИР 06 03 2020
ХОЧИ МИРЗО ГАРИБО ХАБАРИ ХУШ САПТИ НАВ 18 04 2020 ЧОНИ ГАПА ЗАД СРОЧНО БИНЕД
27 03 2020 ХОЧИ МИРЗО ДАР БОРАИ КОРОНАВИРУС ВА ЧИ БУДАНИ ИН МУСИББАТ ГУШКУНЕН
Хочи мирзо фикрша дар бораи вируси хитой гуфт бин чи мега
Хочи Мирзо 2020 Ачиб Будани Имони ШУМО ДИККАТ
ХОЧИ МИРЗО САБАБИ КОРОНАВИРУС
Хочи Мирзо дар бораи КОРОНАВИРУС хеч чиз нагуфт Нишонаи киёмат аст
ХОЧИ МИРЗО 4 ЧИЗ ОГОХ БОШЕД ГАРИБО САБТИ НАВ 20 04 2020
ХОЧИ МИРЗО 4 ЧИЗ ОГОХ БОШЕД ГАРИБО САПТИ НАВ 20 04 2020
Хочи Мирзо дар бораи коронавирус нав
Хочи Мирзо Коронавирус 2020 بهترین داستانهای زائر Coronavirus
ХОЧИ МИРЗО ХАМА БИНАД ИН ЗИНО КОРО 11 04 2020
Хочи Мирзо да боби намоз
ХОЧИ МИРЗО САБТИ НАВ ИМРУЗ 19 04 2020 ТУЙ МУБОРАК
ХОЧИ МИРЗО САПТИ НАВ ХАМАРО ХАЙРОН КАРД КУДРАТИ АЛЛОХ РО БИНЕД 20 04 2020
ХОЧИ МИРЗО 2020 КИЁМАТ НАЗДИК ЯК ЧАНД РУЗ СРОЧНО БИНЕД
ХОЧИ МИРЗО САПТИ НАВ 2020 ГИРЁНАМ КАРД КИССА
ХОЧИ МИРЗО БО АРУС ДАР РУИ АЛАФЗОР АЛОКА ЧИНСИ КАРДАН ЧОИЗ ХАСТ Ё НА 04 апрель 2020
ХОЧИ МИРЗО ДАР БОРАИ ЭМОМАЛИ РАХМОН 2020 ЧИ МЕГУЯД
ХОЧИ МИРЗО ЧИ ГУФТ БИНЕД ИН ТУХМАТ АСОС ДОРАД
КоронаВирус Хочи Мирзо
ХОЧИ МИРЗО 05 04 2020 ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
ХОЧИ МИРЗО ИН МАРД МЕГУЯД ИСЛОМ АФСОНА АСТ
Коронавирус Хочи Мирзо
Gheorghe Țopa Cît Iubești Atît Trăiești 2015
Bb Sun Outta There
Milano Lampa Alladyna Official Video 2018 Nowość
مقابلات الشارع ممكن حضن
Куудул Тынар Менен Талант Пародия Эски Куудулдарга
Dead Or Alive Last Round Dlc Showcase
Beverly E It Bev Sings A Song Ft Pennywise
Don T Tell Me It S Over Random Soul S Bump Mix
砂の惑星 Sand Planet Hachi Ft Hatsune Miku Metal Cover Jonathan Parecki
Аймира Мен Сени Суйом
Гариби Очаҷон Ман Ёд Кардам Оби Хнки Ватана 2018 Видео
Yogayotgan Yomgir Koz Yoshim
Brega Marcante Banda Biss I Love You Baby
Влюбился В Девушку Крипер Жизнь Крипера В Майнкрафт
160 Dproc 9 B Dasaran 2016
Azamat Otajonov Ham Aytadur Ham Qaytadur Survideo 2019 Yil
L Homme Révolte
Bizzy Bizzy Come On Come Ob
Хоразм Лазгиси Москвада Бахор Ансамбли
Ozodbek Nazarbekov Dilorom Minus
Snapping Turtle Bite Dispels Myth
Ftb Continuum Türkçe 61 Energy Condenser Mk2 Ve Projecte Zırhlarımız
Gta 5 After Hours Black Madonna Lsur Los Santos Underground Radio
Dealing With Stress Part 1 New Kadampa Tradition
Koi Puche Mere Dil Se Kaisa Yeh Zeher Pyar Hai Shehzad Khan From Everything Feeling Status L E6S
Коронавирус як намуди вирусест, ки сироятҳои роҳи нафасро ба вуҷуд меорад, ки одатан ҳалим аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо марговар аст. Ягон ваксина ё доруҳои зидди вирусӣ вуҷуд надоранд, ки барои пешгирӣ ё табобат тасдиқ карда шудаанд. Коронавирусҳо вирусҳои бо геномҳои яктарафаи РНК-и мусбӣ ва бо нуклеокапсидҳои симметрияҳои мушак мебошанд. Коронавирусҳо дар солҳои 1960 кашф карда шуданд; Қадимтарин кашфиётҳо вируси сирояти бронхит дар чӯҷаҳо ва ду вирус аз холигоҳи бинии беморони инсон бо хунукии муқаррарӣ буданд, ки баъдан инсон coronavirus 229E ва коронавируси OC43 номида шуданд. Гумон меравад, ки коронавирусҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҳайвонҳо сироят мекунанд, танҳо баъзеҳо то ба ҳол тавассути ғизо ба инсон интиқол ёфтаанд. Коронавирус метавонад дар баъзе ҳолатҳо ба нокомии узвҳо оварда расонад ва ин боиси марговар мегардад.
Намудҳои коронавирусҳо
Ҳафт штамми коронавирусҳои инсонӣ мавҷуданд:
- Коронавируси инсон 229E (HCoV-229E) - як навъи якранг, мусбат ва дорои вируси РНК дар насли Алфакоронавируси subfamily Coronavirinae, дар оилаи Coronaviridae, аз амри Нидовиралес. Дар баробари коронавируси инсон OC43, он дар байни вирусҳое мебошад, ки барои хунукии умумӣ масъуланд
- Коронавируси инсон OC43 (HCoV-OC43) - як зерсохторҳои вируси РНК-и мукаммалгашта дар намуди Betacoronavirus 1 (генетик Betacoronavirus, subfamily Coronavirinae, оилаи Coronaviridae, фармоиш Нидовиралес)
- Коронавируси шадиди нафаскашии шадид ва нафаскашӣ (SARS-CoV, SARSr-CoV) - вирусест, ки синдроми шадиди роҳи нафасро (SARS) ба вуҷуд меорад
- Коронавируси инсон NL63 ё HCoV-NL63 - як намуди Алфакоронавирус аст, ки пеш аз ҳама дар кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва беморони масунияти гирифтори бемориҳои шадиди роҳи нафас пайдо мешавад
- Коронавируси инсон HKU1 (HCoV-HKU1) - вируси мусбати яктарафаи РНК бо генофонди HE, ки онро ба гурӯҳи 2 ҷудо мекунад ё Betacoronavirus
- Коронавирус, ки ба синдроми нафасии синдроми нафасии Шарқӣ наздик аст (MERS-CoV) ё EMC / 2012 (HCoV-EMC / 2012) - як вируси нави мусбӣ-яктарафаи РНК-и генетикии Betacoronavirus мебошад
- COVID-19 ё koronavirus Wuhan, ё 2019 нав коронавирус (2019-nCoV) - вируси сироятёфтаест, ки сирояти нафасро ба вуҷуд меорад ва шаҳодати интиқоли одам ба одам мебошад, ки онро мақомоти маҳаллӣ бори аввал дар Вуҳан, Ҳубей, Чин муайян кардаанд.
COVID-19 (коронавируси Вуҳан)
Синдроми шадиди роҳи нафаскашии коронавирус 2 (SARS-CoV-2), ки қаблан бо номи нав коронавируси 2019 (2019-nCoV) ном дошт, вируси яктарафаи РНК-и мусбӣ мебошад. Он дар байни одамон сироятовар аст ва сабаби бемории коронавирус 2019 (COVID-19) мебошад. Эмкунӣ нест. Дар санаи 31 декабри соли 2019, шиддати нави коронавирус, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт расман 2019-nCoV таъин шудааст, дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш дода шуд, ки барои хуруҷи коронавируси Вуҳан 2019–20 масъул аст. Штамми Вухан ҳамчун штамси нави Betacoronavirus аз гурӯҳи 2B бо
70% шабеҳи генетикӣ ба SARS-CoV муайян карда шуд.
SARS-CoV-2 ба коронавирусҳои маъруф генетикаи генетикӣ дорад, ки эҳтимол дорад, зоотехникӣ дар камонҳо ба вуҷуд оянд, гарчанде ки ба назар мерасад як обанбори фосилавӣ ба монанди панголин. Аз нуқтаи назари таксономӣ SARS-CoV-2 ҳамчун штамми намудҳо гурӯҳбандӣ мешавад, ки бо коронавируси ба синдроми шадиди роҳи нафас алоқаманд аст. SARS-CoV-2 сабаби сар задани идомаи идомаи коронавируси 2019-20, фавқулоддаи фаврии тандурустии ҷамъиятии нигарониҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Ухани Хитой пайдо шудааст. Аз ин сабаб, баъзан вирус ба ғайрирасмӣ, дар байни лақабҳои дигар, ҳамчун “коранавируси Вуҳан” номида мешавад.
Интиқоли коронавирус
Нишонаҳои коронавирус
Гумон меравад, ки Коронавирус фоизи калони ҳамаи хунукиҳои маъмулиро дар калонсолон ва кӯдакон меорад. Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти асосии тиббӣ ба монанди фишори баланди хун, мушкилоти қалб ё диабет доранд, эҳтимол дорад, ки бемориҳои ҷиддӣ инкишоф ёбанд. Одамон метавонанд бо вирус дар муддати 1 то 14 рӯз пеш аз пайдо шудани нишонаҳо бемор шаванд. Баъзе одамон мубтало мешаванд, аммо ягон нишона инкишоф намеёбанд ва худро бад ҳис намекунанд. Баъзе аз нишонаҳои коронавирус инҳоро дар бар мегиранд:
- табларза
- Бӯйҳои хунук
- Сулфаи шадид / сулфаи хушк
- Нафаскашии душворӣ / кӯтоҳии нафас
- Аденоиди варам дард / гулу
- Синдроми шадиди роҳи нафас
- Ноустувории гурда
- Тайфӣ
- Ачҳо ва вазнин
- Бузургии нохуш
- Diarrhea
- Бронхит, ё бронхити мустақими вирусӣ ё бронхит дуюмдараҷа
- Пневмония, ё пневмонияи мустақими вирусӣ ё пневмонияи дуюмдараҷаи бактериявӣ
Ташхиси коронавирус
Коронавируси Вуҳан бо истифодаи реаксияи занҷири полимеразаи воқеӣ (RT-PCR) озмуда мешавад. Техника барои муайян кардани RNA вирусӣ дар намунае, ки аз бемор ҷамъ оварда мешавад, истифода мешавад. Намунаи он метавонад аз варамҳои гулӯ, намунаҳои сулфа ё ҳатто намунаи хун бошад, агар бемор сахт бемор бошад.
Пешгирии коронавирус
Тавсияҳои стандартӣ барои пешгирии сироятҳои минбаъда иборатанд аз:
- Дастҳоро мунтазам ва бодиққат бо рубои спирти дастӣ тоза кунед ё бо собун ва об шустед.
Чаро? Шустани дастҳои худро бо собун ва об ё истифодаи рублҳои спиртӣ, вирусҳоеро, ки дар дасти шумо ҳастанд, мекушад. - Дар масофаи на камтар аз 1 метр (3 фут) аз байни худ ва касе, ки сулфидан ё snes мекашад, ҷойгир шавед. Вақте ки касе сулфа мекунад ё газ мекунад, онҳо аз бинӣ ё даҳонашон қатраҳои моеъ доранд, ки метавонанд вирус бошанд. Агар шумо хеле наздик бошед, шумо метавонед дар қатраҳо нафас гиред, аз ҷумла вируси COVID-19, агар шахси сулфида бемор дошта бошад
- Ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон даст нарасонед. Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва метавонанд вирусҳо гиранд. Пас аз сироят ёфтан, дастҳо метавонанд вирусро ба чашм, бинӣ ё даҳонатон интиқол диҳанд. Аз он ҷо, вирус метавонад ба бадани шумо ворид шавад ва шуморо бемор кунад
- Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ва одамони гирду атроф гигиенаи хуби нафаскаширо риоя кунед. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми сулфидан ё хӯрдан даҳон ва бинии худро бо оринч ё хамираи худ пӯшонед. Он гоҳ матоъҳои истифодашударо фавран ихтиёр кунед. Қатраҳо вирусро паҳн мекунанд. Бо риояи гигиенаи хуби нафас шумо одамони гирду атрофатонро аз вирусҳо, аз қабили сармо, зуком ва COVID-19 муҳофизат мекунед
- Агар худро бад ҳис кунед, дар хона монед. Агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии мушкил дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед ва пешакӣ занг занед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии тандурустиро риоя кунед. Мақомоти маҳаллӣ ва маҳаллӣ дар бораи вазъияти минтақаи шумо маълумоти навтарин ба даст меоранд. Пеш аз занг задан ба провайдери тиббии шумо имкон медиҳад, ки шуморо зуд ба муассисаи тиббии дуруст равона кунед. Ин инчунин шуморо муҳофизат мекунад ва ба паҳншавии вирусҳо ва дигар сироятҳо кӯмак мекунад
- Дар бораи нуқтаҳои охирини COVID-19 иттилоъ диҳед (шаҳрҳо ё маҳалҳои аҳолинишин, ки дар он COVID-19 васеъ паҳн мешавад). Агар имконпазир бошад, аз сафар ба ҷойҳо дурӣ ҷӯед, хусусан агар шумо шахси калонсол бошед ё гирифтори диабети қанд, дил ё шуш бошед. Шумо эҳтимолияти сайд кардани COVID-19 дар яке аз ин маҳалҳо зиёдтар доред
Чӣ гуна коронавирус мекушад
Аксари ҷабрдидагони коронавирус аз мушкилот, аз он ҷумла пневмония ва варам дар шуш мемуранд. Пневмонияи шадид метавонад одамонро бо роҳи "дар" моеъ ғарқ кардани шуш ба ҳалокат расонад. Вирус инчунин варами системаи нафаскаширо ба вуҷуд меорад, ки метавонад шушро ба оксигени хун интиқол дода, боиси нокомии узвҳо ва дар ниҳоят марг гардад.
Читайте также: