Пешгирии коронавирус дар точикистон
Ҳамзабонон, касалии тоҷвирусӣ дар рӯи Замин паҳн шудан дорад. Аз эҳтимол дур нест, ки таъсири ин беморӣ ба Тоҷикистон низ мерасад.
ИНФЕКСИЯИ ТОҶВИРУСӢ
– ин аст шамолхӯрии шадиди роҳҳои нафас, ки аз тарафи тоҷвирус ё худ коронавируси nCoV ангехта мешавад.
МАЪЛУМОТ
Корона ё худ тоҷвирусҳо гурӯҳи ба ҳам аз ҷиҳати ирсӣ наздики вирусҳо мебошанд, ки ба ҳайвонот ва одамон мегузаранд. Гоҳо чунин сироят бенишон мегузарад, гоҳо ба шакли шамолхӯрии назарногире. Дар ҳолатҳои вазнин сирояти мазкур газаки шушро ба миён оварда, метавонад сабаби марг низ гардад.
Тоҷвирус метавонад узвҳои ҳозимаро низ касал намояд.
РОҲҲОИ ГУЗАШТАНИ ВИРУС
Тоҷвирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса додан, сулфа кардан мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин, ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд ё даст расонид, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.
Вирус метавонад ҳатто дар давраи инкубатсионӣ, яъне давраи номаълумиаш, аз касал ба солим гузарад.
РОҲҲОИИ ПЕШГИРИИ КАСАЛӢ
1. Реҷаи корӣ ва дамгириро риоя кунед. Аз хоб сер шавед. Ҷисми наѓз дамгирифта барои касалиҳо як дижи дастнорас мешавад.
2. Дуруст ғизо хӯред — барои солимии ҷисм на кам аз 400 г маҳсулоти растанигӣ ҳар рӯз хӯрдан лозим аст. Хӯрок бояд гуногун ва аз маводи фоиданок бой мебошад.
3. Маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин, сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро танҳо баъди тамизгарии ҳароратӣ истеъмол намоед.
4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед, ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни ҷисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм — қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз хӯрок ва байни хӯрокхӯрӣ нўшед.
5. Ҷисман фаъол бошед – гимнастикаи ҳамарӯзаи бамеъёр масунияти ҷисмро то 32% баланд мебардорад, гоҳе ки женшен ҳамагӣ 11 % ва зарбеҳ 19%.
6. Баданро обутоб дињед. Ин рохи маълуму маъруфи пешгирии касалињо мебошад.
7. Ба ҷойҳои серодам наравед. Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ худдорӣ кунед.
8. Ба назди одами бемор бе воситаҳои муҳофизӣ аз 3 метр наздиктар наравед.
9. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои касал истифода набаред.
10. Аз маскаи ҷаррохии тиббӣ истифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Кашидани ниқоби тиббӣ ба рӯй ҳангоми муоширати сиҳат бо бемор ва бемор бо сиҳат барои пешгирии касалшавӣ зарур аст.
Дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода баред, дар нақлиёт, ҷои кор, ҷои дарсомӯзӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва ғайра
11. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун напартоед.
12.Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.
13. Хонаро тез — тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.
14. Ҷойгаҳи касалро аз дигарон бо парда ҷудо намоед.
15. Тамоку ва нос накашед. Агар имкони партофтан нест, пас камтар кашед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар ҷойҳои беодам тамоку кашед ва партоби носро танҳо ба канализатсия (ташт) партоед, агар касал бошед, вирусатон ба дигарон сироят накунад. Тамоку ва нос ҷисми шуморо заҳролуд намуда , масунияти шуморо паст мефарорад, , қобилияти девории пардахои луобиро то 3 баробар паст намуда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муњайё месозад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: истгоҳҳо, вокзалҳо, аэропорт, гузаргоњҳои зеризаминӣ ва тротуарњо, дар наздикии даромадҳои мағозаҳову корхонаҳо тамоку накашед. Одамони аз ин пойбандаги озод бояд худашонро аз дуд эҳтиёт кунанд.
16. Нӯшокиҳои алкоголӣ нанӯшед. Онҳо ҷисмро заҳролуд намуда, масуниятро заиф мегардонанд, пардаҳои луобиро хушк намуда, қобилияти муҳофизавии онҳоро паст менамоянд ва барои вирусҳо дарҳоро мекушоянд.
17. Ҳар рӯз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним қошуқча намаки ошии баҳри+ ним қошуқча содаи оши + 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи кашидан ба бинӣ шӯед.
Гулӯро низ бо намакоб баъди хӯрок ғарғара намоед. Хусусан баъди муошират бо одамон ин амал ҳатмист.
18. Некназар бошед. Некназари масуниятро мустаҳкам месозад. Фаромӯш накунед, ки тафаккури мо то андозае муайяне воқеиятро меофарад.
МАЪЛУМОТНОМА
Абдулло Хоҷаев, фориғуттаҳсили Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соли 1981. Ӯ дар Федератсияи Русия дар Институти тадқиқотии М.Ф. Владимирскии вилояти Маскав ва дар Маркази тиббии №1-и Маскав фаъолият намудааст.
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон тадобири пешгирии коронавирус пурзӯр мешавнд. Дар кишвар як коргоҳи дигар ба истеҳсоли ниқоб ва хилъати тиббӣ оғоз кардааст.
Тавре "Ховар" гузориш медиҳад, дар ширкати "Тоҷтекс" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шуд.
"Бо мақсади шинос шудан ба фаъолияти корхонаи мазкур Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода аз ин корхона дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 000 дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Ширкати мазкур дар шаҳри Душанбе воқеъ гардида, ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ машғул мебошад. Дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳи дӯзандагӣ васлу насб карда шуда, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудаанд.
Пештар иттилоъ дода шуд, ки бештар аз 20 коргоҳ дар Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқоби тиббӣ оғоз карданд.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии мамлакат дар коргоҳҳои "Нассоҷии Тоҷик", "Нассоҷи Хуҷанд" истеҳсоли рахти хоб, ҷойпӯшҳо ва либосҳои беморхонагӣ аз матои пахтагин, дар "Гулистони Душанбе" хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ, дар "Сифат Саноат" хилъатҳои тиббӣ ва дар "Фармтекс" истеҳсоли маҳсулоти косметологӣ, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва докаи тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст.
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар Суғд ба хонандагони мактабҳо ройгон ниқоби тиббӣ тақсим мекунанд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилоят хабар медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, бо назардошти зиёд гардидани ҳолати сироятёбии сокинони кишварҳои хориҷи дуру наздик ба коронавируси COVID-19 дар марказҳои таҳсилоти иловагии як қатор шаҳру ноҳияҳо дӯхтани ниқобҳои ҳимоятӣ оғоз гардид.
Тибқи иттилои директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашӯрматов дар марказ ва ҳам муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ашт ва Ҷаббор Расулов омодасозии ниқобҳо ба роҳ монда шуда, аъзои маҳфилҳои дӯзандагӣ бо маҳорати баланд ниқобҳоро тайёр карда истодаанд.
Ба иттилои манбаъ дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳо 30 маҳфили дӯзандагӣ фаъол буда, 300 нафар хонандагон тавассути 100 мошинаи дарздӯзӣ ба омодасозии ниқоб машғул хоҳанд шуд.
Давоми ду рӯз хонандагон 5000 ниқоб омода карда, ба аъзои маҳфилҳо ва ҳамсолони худ ройгон дастрас намуданд.
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсияи шаҳри Душанбе зани 38-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки қаблан бо моддаҳои 244 ва 201 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз озодӣ маҳкум шуда буд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори одамкушӣ дастгир карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, номбурда, шаби 22 ба 23-юми апрели соли равон дар хонаи истиқоматиашон бо шавҳараш марди 57-сола ва рафиқаш “Дамирал” ном шахс, дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол карда, бо корди ошхонагӣ 7-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи шавҳараш задааст.
ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома доранд.
ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар навор, ки дар фейсбук нашр кардааст, Парвина дар бораи таҷрибаи аз сар гузаронидаи худ нақл карда ба мардум маслиҳат медиҳад, ки ҳини пайдо шудани нишонаҳои коронавирус худро аз дигарон дур гиранд.
Ӯ мегӯяд, дар мублриза бо коронавирус нақши муҳимро иммунитети инсон мебозад ва агар масъунияти бадани одам мустаҳкам бошад, боке нест.
"Ман ва чор фарзандам масунияти боқувват дорем ва аз ин рӯ коронаро ба хубӣ паси сар кардем. Ман хастагиро эҳсос кардам, пушти сарам ва шикамам дард мекард. Нишонаҳояш дар ман ба зуком монанд буд. Фарзандонам ягон нишона надоштанд. Хушбахтона ба мо ин беморӣ онқатар таъсир накард. Вале, шавҳарам аз ин маризӣ хеле азият кашид", - гуфт Парвина.
Ба нақли ин зани тоҷик COVID -19 ба шушҳои ҳамсараш манфӣ таъсир кард ва шавҳараш наздик ба марг буд.
"Хушбахтона мо дар назди бемористон ба сар мебарем ва шавҳарам 14 рӯз дар бемористон табобат гирифт. Худоро шукр оло дар хона аст".
Парвина нишонаҳои коронавирус - таби баланд, хастагӣ, гулӯдард, сулфаи хушк, эҳсос накардани бӯй в маззаро номбар карда, ҳушдор дод, ки 80 дарсади гирифторони маризӣ ягон нишонае надоранд.
Ин зани тоҷик ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, гарчанде дар кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мардум бояд ҳушёр бошанд ва чораҳои пешгиркунандаро фаромӯш насозанд.
"Бе зурарат аз хона набароед. Ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравед. Зимни аз берун бозгаштан, дастонатонро дар давоми 30 сония бо собун ва оби гарм бишуед", - гуфт Парвина ва афзуд, ки зимни ташхиси такрорӣ на дар бадани ӯ ва на дар бадани шавҳараш коронавирус пайдо нашуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва профилактикаи коронавирус идома медиҳад.
Имрӯз мо ба таваҷҷуҳи шумо маълумотро доир ба он пешкаш мекунем, ки дар давраи гардиши фаъолонаи ангезандаҳои зуком, инфексияи коронавирус ва дигар ангезандаҳои инфексияҳои шадиди вирусии роҳҳои нафас бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии худ ва ба хотири бехатарии атрофиён чӣ кор бояд кард.
Аввалан, қайд намудан лозим аст, ки ангезандаҳои бемориҳои мазкур қобилияти баланди сирояткунӣ доранд ва аксаран бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ мегузаранд.
Ҳангоми атса ва атсазанӣ дар ҳавои атрофи шахси бемор қатраҳои микроскопии оби даҳон, балғам ва дигар тарашшуҳоти нафасӣ паҳн мешаванд, ки дар таркиби худ вирус доранд.
Қатраҳои калонтар дар ашё ва сатҳҳои атроф таҳшин мешаванд, зарраҳои хурдтар муддати тӯлонӣ дар ҳаво монда, то чандсад метр интиқол меёбанд, зимнан ин вирусҳо қобилияти сирояткунии худро аз якчанд соат то якчанд рӯз нигоҳ медоранд. Тадбирҳои асосии профилактикаи беҳдоштӣ ба пешгирӣ аз тамоси одамони сиҳат бо зарраҳои тарашшуҳоти вирусии одамони бемор равона мебошанд.
Риояи қоидаҳои зерини беҳдоштӣ имкон медиҳад хавфи сироят ё паҳншавии минбаъдаи зуком, сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас коҳиш дода шавад.
Чӣ тавр худро аз сироят эмин кунем
Шустани дастҳо баъди истифода аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, нақлиёт, расиш ба дастаҳои дарҳо, пулҳо, таҷҳизоти компютерии истифодаи умум дар ҷойи кор, пеш аз хӯрокхӯрӣ ва омода кардани ғизо. Ба хуб собун задан (на кам аз 20 сония) ва сипас пурра хушк намудани дастон диққати махсус диҳед.
Баъди бозгашт аз кӯча ба хона дастҳоятонро бо собун шӯед, биниатонро бо маҳлули изотоникии намак обгардон кунед.
Ба рӯй ва чашмон танҳо бо дастони ба наздикӣ шуста расед. Дар сурати дастрас набудани об ва собун барои тоза кардани дастон аз воситаҳои безараргардонии спиртӣ истифода баред. Ё, агар зарурати расидан ба чашмон ва бинӣ ба вуҷуд ояд, дастмоли якдафъаинаро ба кор баред.
Ниқоби якдафъаинаи тиббиро дар ҷойҳои серодам ва дар нақлиёт пўшед. Ниқобро ҳар 2-3 соат ба ниқоби нав иваз намоед, дубора аз он истифода кардан мумкин нест.
Агар дар ҷойҳои ҷамъ омадани одамон қарор дошта бошед, ба мӯйҳои ғндоштаю ҳамвор бартарӣ диҳед: мӯйҳои кушода зиёд ба рӯй расида, хавфи сироятёбиро зиёд мекунанд.
Ба тамосҳои наздик ва будубош дар як хона ва ҷойҳои дигари маҳкам бо одамоне, ки аломатҳои намоёни бемориҳои роҳҳои нафасро (сулфа, атса, обравӣ аз бинӣ) доранд, роҳ надиҳед.
Бо дастони урён ба дастаҳои дар, дастаҳои зинапояҳо, дигар ашёву сатҳҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нарасед.
Дастфишорӣ, бӯса ва оғушгириҳои вақти вохӯриро маҳдуд намоед.
Ҳавои ҳуҷраҳоро бештар тоза кунед.
Аз сачоқҳои умумӣ истифода набаред.
Чӣтавр атрофиёнро аз сироят ҳифз кунем
То ҳадди имкон тамосҳо (дастфишорӣ ва бусаҳои вақти вохӯри)-ро бо ашхоси солим кам бояд кард.
Агар нотобиро ҳис кунед, аммо маҷбур бошед бо дигарон муошират намоед ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред, аз ниқоби якдафъаина истифода карда, ҳатман онро ҳар соат ба ниқоби нав иваз кунед.
Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ ҳатман даҳонатонро пӯшонед - агар имкон бошад, бо дастмоли яккарата, агар набошад, бо хами оринҷ.
Танҳо аз зарфҳои шахсӣ ё якдафъаина истифода баред.
Лавозимоти бехдоштии шахсӣ: чӯткаи дандон, исфанҷ, сачоқҳоятонро аз аҳли хонавода ҷудо кунед.
Ҳаррўза рӯбучини нами хонаро анҷом дода, аз ҷумла дастаҳои дарҳо, калидҳои чароғҳо, тугмачаҳои идораи таҷҳизоти компютериро пок кунед.
Коронавирус як намуди вирусест, ки сироятҳои роҳи нафасро ба вуҷуд меорад, ки одатан ҳалим аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо марговар аст. Ягон ваксина ё доруҳои зидди вирусӣ вуҷуд надоранд, ки барои пешгирӣ ё табобат тасдиқ карда шудаанд. Коронавирусҳо вирусҳои бо геномҳои яктарафаи РНК-и мусбӣ ва бо нуклеокапсидҳои симметрияҳои мушак мебошанд. Коронавирусҳо дар солҳои 1960 кашф карда шуданд; Қадимтарин кашфиётҳо вируси сирояти бронхит дар чӯҷаҳо ва ду вирус аз холигоҳи бинии беморони инсон бо хунукии муқаррарӣ буданд, ки баъдан инсон coronavirus 229E ва коронавируси OC43 номида шуданд. Гумон меравад, ки коронавирусҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҳайвонҳо сироят мекунанд, танҳо баъзеҳо то ба ҳол тавассути ғизо ба инсон интиқол ёфтаанд. Коронавирус метавонад дар баъзе ҳолатҳо ба нокомии узвҳо оварда расонад ва ин боиси марговар мегардад.
Намудҳои коронавирусҳо
Ҳафт штамми коронавирусҳои инсонӣ мавҷуданд:
- Коронавируси инсон 229E (HCoV-229E) - як навъи якранг, мусбат ва дорои вируси РНК дар насли Алфакоронавируси subfamily Coronavirinae, дар оилаи Coronaviridae, аз амри Нидовиралес. Дар баробари коронавируси инсон OC43, он дар байни вирусҳое мебошад, ки барои хунукии умумӣ масъуланд
- Коронавируси инсон OC43 (HCoV-OC43) - як зерсохторҳои вируси РНК-и мукаммалгашта дар намуди Betacoronavirus 1 (генетик Betacoronavirus, subfamily Coronavirinae, оилаи Coronaviridae, фармоиш Нидовиралес)
- Коронавируси шадиди нафаскашии шадид ва нафаскашӣ (SARS-CoV, SARSr-CoV) - вирусест, ки синдроми шадиди роҳи нафасро (SARS) ба вуҷуд меорад
- Коронавируси инсон NL63 ё HCoV-NL63 - як намуди Алфакоронавирус аст, ки пеш аз ҳама дар кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва беморони масунияти гирифтори бемориҳои шадиди роҳи нафас пайдо мешавад
- Коронавируси инсон HKU1 (HCoV-HKU1) - вируси мусбати яктарафаи РНК бо генофонди HE, ки онро ба гурӯҳи 2 ҷудо мекунад ё Betacoronavirus
- Коронавирус, ки ба синдроми нафасии синдроми нафасии Шарқӣ наздик аст (MERS-CoV) ё EMC / 2012 (HCoV-EMC / 2012) - як вируси нави мусбӣ-яктарафаи РНК-и генетикии Betacoronavirus мебошад
- COVID-19 ё koronavirus Wuhan, ё 2019 нав коронавирус (2019-nCoV) - вируси сироятёфтаест, ки сирояти нафасро ба вуҷуд меорад ва шаҳодати интиқоли одам ба одам мебошад, ки онро мақомоти маҳаллӣ бори аввал дар Вуҳан, Ҳубей, Чин муайян кардаанд.
COVID-19 (коронавируси Вуҳан)
Синдроми шадиди роҳи нафаскашии коронавирус 2 (SARS-CoV-2), ки қаблан бо номи нав коронавируси 2019 (2019-nCoV) ном дошт, вируси яктарафаи РНК-и мусбӣ мебошад. Он дар байни одамон сироятовар аст ва сабаби бемории коронавирус 2019 (COVID-19) мебошад. Эмкунӣ нест. Дар санаи 31 декабри соли 2019, шиддати нави коронавирус, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт расман 2019-nCoV таъин шудааст, дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш дода шуд, ки барои хуруҷи коронавируси Вуҳан 2019–20 масъул аст. Штамми Вухан ҳамчун штамси нави Betacoronavirus аз гурӯҳи 2B бо
70% шабеҳи генетикӣ ба SARS-CoV муайян карда шуд.
SARS-CoV-2 ба коронавирусҳои маъруф генетикаи генетикӣ дорад, ки эҳтимол дорад, зоотехникӣ дар камонҳо ба вуҷуд оянд, гарчанде ки ба назар мерасад як обанбори фосилавӣ ба монанди панголин. Аз нуқтаи назари таксономӣ SARS-CoV-2 ҳамчун штамми намудҳо гурӯҳбандӣ мешавад, ки бо коронавируси ба синдроми шадиди роҳи нафас алоқаманд аст. SARS-CoV-2 сабаби сар задани идомаи идомаи коронавируси 2019-20, фавқулоддаи фаврии тандурустии ҷамъиятии нигарониҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Ухани Хитой пайдо шудааст. Аз ин сабаб, баъзан вирус ба ғайрирасмӣ, дар байни лақабҳои дигар, ҳамчун “коранавируси Вуҳан” номида мешавад.
Интиқоли коронавирус
Нишонаҳои коронавирус
Гумон меравад, ки Коронавирус фоизи калони ҳамаи хунукиҳои маъмулиро дар калонсолон ва кӯдакон меорад. Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти асосии тиббӣ ба монанди фишори баланди хун, мушкилоти қалб ё диабет доранд, эҳтимол дорад, ки бемориҳои ҷиддӣ инкишоф ёбанд. Одамон метавонанд бо вирус дар муддати 1 то 14 рӯз пеш аз пайдо шудани нишонаҳо бемор шаванд. Баъзе одамон мубтало мешаванд, аммо ягон нишона инкишоф намеёбанд ва худро бад ҳис намекунанд. Баъзе аз нишонаҳои коронавирус инҳоро дар бар мегиранд:
- табларза
- Бӯйҳои хунук
- Сулфаи шадид / сулфаи хушк
- Нафаскашии душворӣ / кӯтоҳии нафас
- Аденоиди варам дард / гулу
- Синдроми шадиди роҳи нафас
- Ноустувории гурда
- Тайфӣ
- Ачҳо ва вазнин
- Бузургии нохуш
- Diarrhea
- Бронхит, ё бронхити мустақими вирусӣ ё бронхит дуюмдараҷа
- Пневмония, ё пневмонияи мустақими вирусӣ ё пневмонияи дуюмдараҷаи бактериявӣ
Ташхиси коронавирус
Коронавируси Вуҳан бо истифодаи реаксияи занҷири полимеразаи воқеӣ (RT-PCR) озмуда мешавад. Техника барои муайян кардани RNA вирусӣ дар намунае, ки аз бемор ҷамъ оварда мешавад, истифода мешавад. Намунаи он метавонад аз варамҳои гулӯ, намунаҳои сулфа ё ҳатто намунаи хун бошад, агар бемор сахт бемор бошад.
Пешгирии коронавирус
Тавсияҳои стандартӣ барои пешгирии сироятҳои минбаъда иборатанд аз:
- Дастҳоро мунтазам ва бодиққат бо рубои спирти дастӣ тоза кунед ё бо собун ва об шустед.
Чаро? Шустани дастҳои худро бо собун ва об ё истифодаи рублҳои спиртӣ, вирусҳоеро, ки дар дасти шумо ҳастанд, мекушад. - Дар масофаи на камтар аз 1 метр (3 фут) аз байни худ ва касе, ки сулфидан ё snes мекашад, ҷойгир шавед. Вақте ки касе сулфа мекунад ё газ мекунад, онҳо аз бинӣ ё даҳонашон қатраҳои моеъ доранд, ки метавонанд вирус бошанд. Агар шумо хеле наздик бошед, шумо метавонед дар қатраҳо нафас гиред, аз ҷумла вируси COVID-19, агар шахси сулфида бемор дошта бошад
- Ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон даст нарасонед. Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва метавонанд вирусҳо гиранд. Пас аз сироят ёфтан, дастҳо метавонанд вирусро ба чашм, бинӣ ё даҳонатон интиқол диҳанд. Аз он ҷо, вирус метавонад ба бадани шумо ворид шавад ва шуморо бемор кунад
- Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ва одамони гирду атроф гигиенаи хуби нафаскаширо риоя кунед. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми сулфидан ё хӯрдан даҳон ва бинии худро бо оринч ё хамираи худ пӯшонед. Он гоҳ матоъҳои истифодашударо фавран ихтиёр кунед. Қатраҳо вирусро паҳн мекунанд. Бо риояи гигиенаи хуби нафас шумо одамони гирду атрофатонро аз вирусҳо, аз қабили сармо, зуком ва COVID-19 муҳофизат мекунед
- Агар худро бад ҳис кунед, дар хона монед. Агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии мушкил дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед ва пешакӣ занг занед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии тандурустиро риоя кунед. Мақомоти маҳаллӣ ва маҳаллӣ дар бораи вазъияти минтақаи шумо маълумоти навтарин ба даст меоранд. Пеш аз занг задан ба провайдери тиббии шумо имкон медиҳад, ки шуморо зуд ба муассисаи тиббии дуруст равона кунед. Ин инчунин шуморо муҳофизат мекунад ва ба паҳншавии вирусҳо ва дигар сироятҳо кӯмак мекунад
- Дар бораи нуқтаҳои охирини COVID-19 иттилоъ диҳед (шаҳрҳо ё маҳалҳои аҳолинишин, ки дар он COVID-19 васеъ паҳн мешавад). Агар имконпазир бошад, аз сафар ба ҷойҳо дурӣ ҷӯед, хусусан агар шумо шахси калонсол бошед ё гирифтори диабети қанд, дил ё шуш бошед. Шумо эҳтимолияти сайд кардани COVID-19 дар яке аз ин маҳалҳо зиёдтар доред
Чӣ гуна коронавирус мекушад
Аксари ҷабрдидагони коронавирус аз мушкилот, аз он ҷумла пневмония ва варам дар шуш мемуранд. Пневмонияи шадид метавонад одамонро бо роҳи "дар" моеъ ғарқ кардани шуш ба ҳалокат расонад. Вирус инчунин варами системаи нафаскаширо ба вуҷуд меорад, ки метавонад шушро ба оксигени хун интиқол дода, боиси нокомии узвҳо ва дар ниҳоят марг гардад.
Дар моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Чин хурӯҷи пневмония сабт карда шуд, ки он бо таъсири намудани номаълуми коронавирус ба вуҷуд омадаст. Аввалин шахсони ба ин бемори дучоршуда, меҳмонони бозори маҳсулотҳои баҳрии ҳамин минтақа мебошанд ва баътар аниқ шуд, ки ин намуди вирус аз одам ба одам мегузарад.
Аз рӯйи охирон маълумотҳо моҳи феврал дар Чин зиёда аз 85000 одамон бемории коронавирус шуда, зиёда 2700 нафар фавт кардаанд. Берун аз Чин одамони ба коронавирус дучоршуда зиёда аз 4000 ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои ба монанди Итолиё, Эрон, ИМА, Канада, Русия, Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд, Австралия ва ғайра қайд карда шудаанд.
Синдроми респиратории осиёи наздик (СРОН) вируси бемории респираторӣ буда, бо тасири коронавируси нав ба амал омадааст, ки он бори аввал дар Арабистони Саудӣ соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд.
Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳое, ки имконияти ба амал овардани бемориро аз шамолхурии одӣ то ба синдроми респиратории вазнин дорад.
Аломатҳои одии СРОН ин таби баланд, сулфа ва нафасгирӣ мебошад. Аммо, бисёр ҳолатҳои ин бемори дар лабораторияҳо ҳамчун бемориҳое, ки бе ягон аломатҳо ба вуҷуд омадаанд қайд шудаанд.
Тақрибан 35-40% беморони бо СРОН сабт шуда, фавт намудаанд. Бисёри ҳолатҳои гузариши ин вирус аз як шахс ба шахси дигар танҳо ҳангоми алоқаи зич, мисол ҳангоми расонидани тиббӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ мегузарад.
Тахмин карда мешавад, ки хурӯҷи вирус бо расонидани ёрии тиббӣ вобаста, асосан дар Арабистони Садуӣ, АМА ва Кореяи Ҷанубӣ бисёр мебошад.
Аломатҳо (Симптомҳо)
Зуҳуроти клиникии сирояти СРОН аз набудани ягон аломатҳо ва ё аломатҳои респирптории сабук то бемории бемориҳои шадиди роҳи нафас ва фавт иборатанд.
Расми хоси СРОН ин асосан табларзаи баланд, сулфа ва нафасгирӣ меошанд ва одатан, аммо на ҳамеша пневмония ошкор карда мешавад. Аломатҳои гастроэнтрологӣ, аз ҷумла дарунравӣ низ сабт карда мешаванд. Дар ҳолати вазнини ин беморӣ ҳабси нафас пайдо мешавад, ки вентилятсияи механикӣ ва кӯмакро дар шаъбудаи реаниматсионӣ талаб мекунад. Ба назар расида истодааст, ки нн вирус асосан дар байни одамони калонсол, онҳое, ки систмеаи иммунитети паст дошта ва шахсони гирфитори бемориҳои музмин (хроникӣ), аз қабили саратон, бемориҳои музмини шуш ва диабет мебошанд бемории шадидро ба амал меоранд.
Сарчашмаи вирус
СРОН вируси зоонотикӣ, яъне вирусе, ки байни ҳайвоноту одамон мегузарад. Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки одамон тавассути алоқаи мустақим ва ғайримустақим бо шутурони сироятёфта сироят меёбанд.
Пайдоиши ин вирус то ҳол пурра маълум нест, аммо тибқи таҳлили геномҳои гуногуни вирус, чунин ҳисобида мешавад, ки он дар байни “кӯршапаракҳо” сарчашма гирифта, ба шутурҳои якпокка гузариш намудааст.
Роҳи гузариш
Гузариш аз ҳайвон ба одам: Маълумоти пурраи аниқ оиди гузариш вуҷуд надорад, аммо шутурони якпок мумкин аст, ки сарчашмаи асоси СРОН ва манбаи сироят ба одамон бошад. Дар шутурҳо дар якчанд кишварҳо, аз ҷумла Миср, Оман, Қатар ва Арабистони Саудӣ ташхис шудаанд.
Гузариш байни одамон: ин вирус ба одамон бо осонӣ гузариш намекунад, агар ягон алоқа вуҷуд надошта бошад, масалан ҳангоми расонидани ёрӣ бе воситаҳои муҳофизатӣ. Дар муассисаҳои тиббӣ гурӯҳҳо ба вуҷуд омадаанд, ки дар он ҷой гузариш байни одамон бештар аст, хусусан агар усулҳои пешигрӣ ва назорати сироят ба таври кофӣ иҷро нашуда бошанд. Гузариши сироят аз одам ба одам маҳдуд буда, дар байни аъзоёни оила, беморон ва кормандони соҳаи тиб рух медиҳад.
Пешгирӣ ва табобат
Айни замон ягон, доруи мушаххас ё ваксина барои ин беморӣ вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, якчанд ваксинаҳо ва доруҳо таҳия шуда истодаанд. Имрӯзҳо, табобат аз таъин кардани терапияи нигоҳубин, вобаста ба ҳолати бемор иборат аст.
Ҳамчун як чораи умумӣ, ҳар касе, ки ба фермаҳо, бозорҳо, говхонаҳо ва ё ҷойҳои дигар, ки намудҳои дигари ҳайвонтҳо ҳастанд, ҳангоми ба ин ҷойҳо ташриф овардан, бояд ҷораҳои мумии гигиениро риоя намуд, аз ҷумла шустани дастҳо пеш аз он ки ба ҳайвонҳо расидан мебошд.
Истеъмоли маҳсулоти хом ё нокифоя пухташудаи ҳайвонотӣ, аз ҷумла шир ва гӯшт, бо хатари сироятёбӣ бо микроорганизмҳои гуногун алоқаманд аси, ки аз он одамон метавонанд касал шаванд. Маҳсулоти дуруст пухта ё пастеризатсияшудаи ҳайвонот, ки хӯрдан бехатар аст истеъмол кардан мумкин мебошад.
Абдураимзода Ш., Сардори қисми тиббии факултети №4
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Пешгирии сирояти коронавирус пурзӯр карда шуд
Имрӯз, 1 феврали соли равон ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба андешидани чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар мамлакат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сухани ифтитоҳии ҷаласа иброз намуд, ки масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Номбурда дар идомаи суханронии хеш ҳадаф ва мақсади баргузор гардидани ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи вазоратро пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии коронавирус дар Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ҳамзамон, таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва табобати сирояти мазкур бояд муассисаҳои тандурустии мамлакат ҳамаҷониба омода бошанд.
Дар идомаи ҷаласа Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар мамлакат баромад намуда, иброз дошт, ки то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, назорат дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шудааст.
-Бо мақсади қатъ намудани сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва баръакс, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуб ирсол намуд. Ҳамзамон, бо назардошти дар заминаи ширкату корхонаҳои муштарак фаъолият намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон аз роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост карда шуд, ки оид ба мавзеи ҷойгиршавии корхонаю ширкатҳо, шумораи мутахассисони чинӣ ва маҳали будубоши онҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд,-иброз дошт муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода.
Номбурда дар идомаи суханронии хеш қайд намуд, ки ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуд то рӯйхати донишҷӯёни тоҷикистонии дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсилкунандаро бо нишондоди маҳали зист барои назорати тиббии минбаъда ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Тавре Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар ҷаласаи мазкур гуфт: “то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардидааст. Аммо, новобаста ба ин, бо мақсади пешгирии интиқоли он ба ҷумҳурӣ ва ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доштан, ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат супориш ва дастуру пешниҳодоти зерин, аз ҷумла омӯзиш ва мушоҳидаи ҳаррӯзаи вазъи эпидемиологӣ ва паҳншавии БШРН дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи сирояти коронавирус барои мутахассисони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, гузаронидани омӯзиш оид ба истифодаи воситаҳои ҳимояи фардӣ ва риояи чораҳои назорати сироят дар муассисаҳои тандурустӣ, таҳия ва ирсоли пешниҳоди мушаххаси санитарӣ вобаста ба вазъи паҳншавии сирояти коронавирус ба сохторҳои дахлдор, ташкил намудани гаштҳои хонагӣ ва дарёфту муоина намудани беморони шадиди роҳи нафас ва муайян намудани он нафароне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон баргаштаанд, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудогардонӣ (изолятсия) барои бистарӣ ва муоина намудани гумонбарон ба сирояти короновирус, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи эҳёгарӣ (реаниматсия) барои бистарӣ ва муолиҷа намудани гирифторшудагон ба сирояти короновирус ва ғайра дода мешавад”.
Зикр намудан ба маврид аст, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.
Ҳамзамон, тибқи супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута гардиши молу мавод дар сарҳад, нуқтаҳои сарҳадии рафтуомади шаҳрвандон ва дигар ҳолатҳои эҳтимолии гузариши ин бемориро зери назорати қатъӣ қарор додааст.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ санаи 30 январи соли равон зимни баргузории як нишасти хеш дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли ташкилоти мазкур гуфт: “агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад”.
Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.
Тибқи маълумоти расмии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, то 31 январи соли 2020 дар умум 9720 ҳодисаҳои сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 213 нафар фавтидаанд. Сирояти коронавирус қариб дар ҳама музофотҳои кишвари Чин ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, интиқоли ин вирус дар 23 кишвари дигар низ дида мешавад.
Дар фарҷоми ҷаласа Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба роҳ надодан ба истифодаи доруҳои муҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, масъалаҳои муоинаи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбии баҳорӣ ва никоҳшавандагон, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ВНМО-аз ҷумла гузариш аз модар ба кӯдак, риояи бехатарӣ аз сӯхтор, назорати кортҳои маъюбон, беҳтар намудани кӯмаки ройгони фаврии тиббӣ ва ғайра ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.
Читайте также: