Махлул барои пешгири аз вирус дар то?икистон
Имрӯз коронавирус ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, ки бо гумони ғолиб ҳеҷ ҷанг ё вабое то ба ин ҳад наоварда буд. Ҳоло танҳо дар 16 давлати дунё ин вирусро ба қайд нагирифтаанд ва яке аз онҳо Тоҷикистон аст. Бо вуҷуди он ки дар кишвари мо то ҳол сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, вале сару садоҳои зиёд, паникаҳои беасос, болоравии нархҳо, карантинкунониҳо (ба хотири санҷишу пешгирӣ) мавҷуданд, ки дар зер доир ба онҳо мегӯем.
Карантин: мешавад ё не?
Дар бобати паникаҳои зиёди сокинони кишвар, ки ҳамагӣ дар мавриди карантин шудан ё нашудани кишвар ҳадс мезаданд, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода гуфт, ки ҳеҷ баҳона ё сабабе барои эълони карантин, бахусус, карантини саросарӣ нест, барои барои карантинкунонии кишвар асос лозим аст. Хушбахтона, то имрӯз сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳоло карантин дар назар нест.
Се фавти пурсадо
Якум. 31-уми март як марди 60-сола дар Бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтид. Ин фавт ба бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа карданд ва таҳти карантини пурра қарор гирифтани беморхонаи мазкур сабаб шуд. Ин ба ҳолате оварда расонд, ки аз бемористон ягон табибу парастор ё бемор ва ҳатто заноне, ки чанде пеш таваллуд кардаанд, ҳаққи берун омадан надоранд. Қабули беморон ва аёдаткунандагон манъ шуд. Иловатан 29 нафаре, ки бо марди фавтида дар беморхона дар тамос будаанд, ба карантин фаро гирифта шуданд, ки 9 нафари калонсол ва 9 кӯдак аъзои оилаи ин мард буда, 11 нафари дигар кормандони тиббии бемористоне мебошанд. Мақомоти тандурустии вилоят гуфтанд, санҷишҳо то ҳоло мавҷудияти вируси коронаиро дар тани ин афрод ошкор накардаанд. Ба карантин гирифта шудани ин афродро мақомоти тандурустии вилояти Суғд як чораи эҳтиётӣ ва пешгирикунанда меноманд.
Дуюм. Рӯзи 11-уми апрел дар Беморхонаи бемориҳои сили вилояти Суғд сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабов вафот кард ва хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки Шодмон Раҷабов рӯзи 8-уми апрел дар беморхона бистарӣ шуд. Раҷабов баъди ба сауна (ҳаммом) рафтан худро бад ҳис карда, ба Беморхонаи ноҳияи Шаҳристон муроҷиат мекунад. Аммо дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, ки вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ ба хона омада, боз худро бад ҳис кард. Баъд аз муроҷиаташ ба беморхонаи вилоятӣ, зимни муоина дар ӯ бемории сил ошкор шуд ва аъзои оилаи ӯ дар Беморхонаи сироятии ноҳияи Шаҳристон ба карантин гирифта шудаанд.
Сеюм. Шоми 12-уми апрел, соати 21:30 корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Алимова Оишамоҳ, соли таваллудаш 1962 бо ташхиси сили иртишоҳи қисми мобайнии ҳар ду шушҳо (инфильтративный туберкулёз), гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид, хабар дод Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ.
Дар пасманзари ин се фавт сару садоҳои хеле зиёд баланд шуданд ва бисёриҳо ҳадс мезаданд, ки мумин аст коронавирус ба Тоҷикистон омадаву шахсони фавтида сироятёфта бошад. Вале Вазорати тандурустӣ ин ҳамаро рад карда, гуфт, ки дар нафарони фавтидан коронавирус ба қайд гирифта нашуда буд.
Омори вазорат
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, аз 1-уми феврал то 13-уми апрели соли равон 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи зикршуда то санаи 13-уми апрел 5724 кас ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо зери назорати карантинӣ қарор доранд. Аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шуданд, ки айни замон 5 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.
Нархҳо боло рафатанд, аммо
Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват мекунад, ки ба овозаҳои камбуди маҳсулоти ғизоӣ бовар накунанд. Ба гуфтаи онҳо, захираи хӯрокворӣ дар кишвар кофист. Аммо нархҳо дар бозорҳо ҳамарӯза боло мераванд.
Баъзе маҳсулот, аз қабили сирпиёз (чеснок), лимӯ (лимон) ва занҷабил бар асари афзоиши талабот ба онҳо дар робита ба пешгирии сирояти коронавирус қимат шуданд (доир ба нарху навои бозор дар саҳ. 7 муроҷиат кунед).
Намозро дар хона хонед
Инчунин имомхатибон дар мавъизаи худ ба масъалаи намозгузорӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла роҳравҳои атрофи масоҷид дахл намуда, ин амалро дар шароити феълӣ маҳкум карданд:
Суруд дар бораи коронавирус
Бахшида ба мавзӯи коронавирус дар Тоҷикистон суруд сабт шуд. Тарона муроҷиат ба Худост бо дархости муҳофизат аз ин беморӣ. Мусиқии таронаро овозхон Баҳодур Илҳомӣ таҳия кардада, муаллифи шеъри он шоираи шинохтаи тоҷик Фарзона аст.
Онро худи муаллиф Баҳодур Илҳомӣ, инчунин Шермуҳаммад Шерматов, Дилрабо Қурбонова, Нозимҷон Бойназаров, Низомҷон Азимов, Баротҷон Шерматов ва Илёс Очилов иҷро мекунанд.
10 000 ниқоби ройгон
Дар Тоҷикистон барномаи пешгирӣ аз коронавирус ва вокуниши эҳтимолӣ дар сурати пайдо шудани бемориро омода карда, барои иҷрои он аз созмонҳои молии ҷаҳонӣ ёрӣ пурсидаанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол дар кишвар ҳолатҳои сироят ёфтани одамон ба вируси нав сабт нашудааст, аммо барои пешгирӣ аз он ба пули зиёд эҳтиёҷ доранд. Мухолифин ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳодҳои худро доранд, ки аз эълони таътил дар мактабҳо то сабукии андоз ва пардохтҳоро дар бар мегирад.
Дар ҳоле ки мансабдорони давлатӣ аз баёни нукоти барномаи нави ҳукумат худдорӣ мекунанд, Галина Перфилева, роҳбари намояндагии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон рӯзи 24-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, барномаи таҳияшуда танҳо бо бахши тандурустӣ маҳдуд намешавад.
Ба таъкиди Перфилева бахшҳои асосии барномаи нави таҳияшуда чунинанд:
- Ҳамоҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, дар сатҳи вилоят ва ноҳияҳо;
- Паҳн кардани маълумот дар бораи рискҳои мавҷуд ба аҳолӣ;
- Назорати эпидемиологӣ;
- Назорати нуқтаҳои вуруд ба кишвар;
- Таҳқиқи ҳолатҳо ва вокуниши сареъ;
- Назорати системаи лабораториву ташхисӣ дар кишвар (дар ин ҷода кори ҷиддӣ дар ҷараён аст);
- Профиликтика ва назорати инфексияҳо;
- Сабти ҳолатҳои гирифторӣ ба СOVID-19. Густариши ин беморӣ чаҳор марҳила дорад. Тоҷикистон ҳоло дар марҳилае қарор дорад, ки ягон нафар гирифтори ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст. Марҳилаи дувум ҳолате аст, ки агар як нафар гирифтори ин беморӣ сабт шавад. Марҳилаи саввум паҳн шудани беморӣ дар кишвар аст . Марҳилаи чаҳорум агар дар дохили кишвар эпидемия ба амал ояд;
- Банди 9-ум ин коҳиш додани таъсирҳои манфии беморӣ ба арсаҳои иқтисод аст. Аз ҷумла ба роҳ мондани логистика ва ё таъминоту боркашонӣ. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳоло бо ҳамаи шариконаш дар ин самт кор карда истодааст.
Роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, онҳо барои ҳама сенарияҳои эҳтимолӣ дар даст нақшаи мал доранд.
Мақомот дар бораи ҷузъиёти барномаи пешгирӣ ва вокуниш ба вируси нави корона суҳбат намекунанд ва мегӯянд, баъд аз ҳалли масъалаи маблағ барнома расман эълон хоҳад шуд.
Як мақом дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 24-уми март бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан танҳо масъалаи ҷалби маблағ монда, бахш ва самтҳои кор тарҳрезӣ шудаанд.
Ба қавли ин манбаъ, Тоҷикистон барои дарёфти маблағи зарурӣ бо чандин созмонҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ гуфтугӯ дорад ва дар назар аст, рӯзҳои наздик масъалаи сармоягузории барнома ҳал шавад. Мусоҳиби мо дар Вазорати тандурустӣ ҳаҷми маблағи зарурӣ барои барномаи пешгирӣ ва вокуниш ба коронавирусро дар Тоҷикистон ошкор накард, вале гуфт барои иҷрои ин барнома на кам аз як-ду миллион доллар зарур аст. Ин дар ҳолест, ки барномаҳои ҳамсони давлатҳои дигар зиёд аз сад миллион долларро ташкил додаанд. Албатта, фарқ дар он аст, ки дар чунин кишварҳо зиёда аз даҳ ҳолати сироят расман тасдиқ шудааст. Барои намуна Қирғизистон аз Сандуқи Байнулмилалии Пул 126 миллион долллар кумак хостааст.
Тибқи омори мақомоти Тоҷикистон дар кишвар то ҳол сироят ба вируси нав ба қайд гирифта нашудааст, вале гуфта мешавад, ҳамаи сохторҳо барои пешгирӣ аз ин вирус омода шудаанд. Дар назди нахуствазир ситоди доимоамалкунанда ташкил шуда, роҳбарони аввали мақомот, Додситони кул ва Дабири Шӯрои амният ҳам ба ин ситод дохиланд. Ин ситод ба гуфтаи масъулини Вазорати тандурустӣ ҳамарӯза ду ҷаласа баргузор карда, масъалаҳои пешгирӣ аз хуруҷи вируси навро баҳс мекунад. Мақомот ҷузъиёти ҷаласаҳои ситоди назди нахуствазирро расонаӣ намекунанд, аммо мегӯянд, "масъалаи пешгирӣ аз вируси нави корона дар кишвар ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст".
Аз ҷумла, афроди бозгашта аз хориҷ барои ду ҳафта карантин мешаванд ва чанд беморхона ҳам ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.
Мухолифони тоҷик дар Аврупо пешниҳод кардаанд, ки барои рӯёрӯӣ бо буҳрони эҳтимолии коронавирус ситоди васеътаре бо сарварии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шавад, фишори андозу пардохтҳо дар дӯши мардум ва тиҷорати хурду миёна коҳиш дода шавад. Онҳо ҳамчунин мораторияи тафтиши соҳибкорон, назорат ба нарху наво, қатъи кори ширкати IRS ва пулситонӣ аз роҳи Душанбе -- Хуҷанд -- Чаноқ, баргардони муҳоҷирони дармонда аз ҳисоби буҷа, манъи ҳама ҷашну ҷашнвораҳоро то охири соли равон, озодии ҳамаи маҳбусони аз 60-сола болоро, қатъи назар аз парвандаҳояшон пешниҳод кардаанд.
Мунтақидони дигар аз баъзе амалкардҳои мақомот дар баробари вируси нав танқид мекунанд. Онҳо мегӯянд, дар шароите ки кишварҳои ҷаҳон талош мекунанд аз ҷамъшавии одамон пешгирӣ кунанд, баръакс, мақомоти Тоҷикистон ба баргузории ҷашну идҳо, аз ҷумла ҷашни Наврӯз машғуланд.
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, дар ҳоли ҳозир беҳтарин иқдом ҳамчун чораи пешгирикунанда эълони таътил дар мактабҳову донишгоҳҳои Душанбе ва тамоми кишвар аст.
"Феълан дар Душанбе даҳҳо ҳазор донишҷӯ ҳамарӯза аз як қисмати шаҳр ба қисмати дигар мераванду дар дарсҳо иштирок ва миёни якдигару устодон муошират мекунанд, ки ин ҳама барои паҳн шудани вирус беҳтарин шароитро фароҳам месозад. Ҳатто агар бештари донишомӯзон мубтало нашаванд ё давраи бемориро ба осонӣ пушти сар кунанд ҳам, онҳо омили паҳнкунандаи вирус шумурда шуда, наздикону пайвандони худро низ олуда хоҳанд кард," - мегӯяд Муллоҷонов.
Мақомот мегӯянд, ба ин корҳо феълан ниёзе нест, чун дар кишвар вируси нав сабт нашудааст.
То ҳол дар саросари ҷаҳон коронавирус ё бемории шабеҳи илтиҳоби шуш ба тақрибан 400 ҳазор нафар сироят карда, беш аз 17 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар ин миён беш аз 100 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар Қазоқистону Узбекистон ва Қирғизистон, кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон, даҳҳо мавриди сирояти одамон ба ин беморӣ ошкор шудааст.
Хеле саривақтист агар мо бояд донем, ки барои сироят нашудан ба ин вируси балоовар чӣ кунем? Тавсияҳо кумак хоҳанд кард, ки ҳадди хатар коҳиш ёбад ва моро аз сироят ба вирус эмин дорад. Иҷрои тавсияҳо мушкил нестанд, муҳим он аст, ки риоя кунем. Саломатии инсон дар дасти худи инсон аст. Ҳеч табибе табибтар аз худи мо нест, чун ин саломатии мост. Пас то он ки тан ниёз ба табиб пайдо кунанд, онро худи мо бояд муолиҷа кунем. Мо қаблан ҳам ин гуна тавсияҳо доштем, ки поинтар ба он ишора хоҳем кард. Вале он чӣ ҳоло мехонед, низ заруранд.
ҚОИДАИ 1. ДАСТҲОЯТОНРО ТЕЗ-ТЕЗ БО СОБУН ШӮЕД
Бо истифода аз поккунандаҳои қавӣ дасту рӯятонро покиза бишӯед. Ҳолати беҳдоштии дастон ин чораи басо муҳими пешгирикунандаи зуком ва инфексияи коронавирус мебошад. Бо собун бишӯед ва микробҳоро берун созед. Агар шумо имкони бо собун шустани дастонатонро надоред, аз дастмолҳои спиртдор ва ё тамйизкунанда истифода баред. Ҳамеша тоза кардани миз, дастаҳои дар, курсиҳо ва ғайра вирусро нобуд мсозад.
ҚОИДАИ 2. МАСОФА ВА ОДОБИ МУОШИРАТРО РИОЯ НАМОЕД
Вирусҳо аз шахси бемор ба шахси солим аз роҳи ҳаво, тариқи заррачаҳо ва қатра – ҳангоми атса задан ва ё сулфидан, мегузаранд. Аз ин рӯ, масофаи шумо ва бемор на камтар аз 1 метр бошад. Ба бинӣ, даҳон ва чашмонатон даст нарасонед, зеро вирусҳои сармохӯрдагӣ ва короно аз ҳамин тариқ сироят мешаванд. Ниқоб пӯшед ва ё аз воситаҳои дигари муҳофизатӣ истифода кунед, то хатари сироят коҳиш ёбад. Ҳангоми сулфидан ва ё атса задан бояд даҳон ва биниро бо дастмолҳои истифодаи як бор пӯшид ва баъдан онҳоро партофт. Худдорӣ аз сафарҳои безарурат ва рафтан ба ҷойҳои серодам хатари сироятро кам мекунад.
ҚОИДАИ 3.ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДОШТА БОШЕД
Тарзи ҳаёти солим организмро ба муқовимати вирусҳо омода месозад. Риояи ҳама гуна қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла низоми хоб, истеъмоли ғизоҳое, ки сафедаҳои зиёд, витаминҳо ва модаҳои минералӣ доранд ва фаъолнокии ҷисмонӣ хавфи сироятро коҳиш медиҳад.
ҚОИДАИ 4. РОҲҲОИ НАФАСКАШИРО БО ЁРИИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ МУҲОФИЗАТ КУНЕД
Дар миёни воситаву василаҳои зиёди беҳдоштӣ бо худ доштани ниқоби тиббӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Ин василаест, ки хатари сироят ба вирусро коҳиш медиҳад. Ниқобҳои тиббиро барои узвҳои нафаскашӣ дар ин ҳолатҳо истифода мебаранд:
- ҳангоми рафтан ба маконҳое, ки одамон зиёданд, дар нақлиёти шаҳрӣ ва ғайра;
- ҳангоми нигоҳубини бемори гирифтор ба вирус;
- ҳангоми суҳбат бо касоне, ки нишони сироят ба вирусҳо доранд;
- ҳангоми хатари сироят ба инфексияҳое, ки аз роҳи ҳавоӣ бо қатраҳо мегузарад.
НИҚОБРО ЧӢ ГУНА БОЯД ИСТИФОДА КАРД?
Ниқобҳо сохторҳои гуногун дошта метавонанд. Метавонанд истифода барои як бор бошанд ва метавонанд бисёркарата истифода шаванд. Ниқобҳое ҳастанд, ки муддати аз 2 то 6 соат истифода мешаванд. Аммо наметавон як ниқобро такрор ба такрор истифода кард, чун шумо метавонед худро дубора сироят кунед. Барои он ки худро аз хатари сироят ба ҳар гуна вирус эмин доред, муҳим аст, ки онро дуруст пӯшед:
- ниқоб бояд даҳон ва биниро пурра бипӯшонад ва барои вуруди вирус сӯрохе надошта бошад;
- кӯшиш кунед вақте онро мекашед, ба рӯяш даст нарасонед ва агар даст расондед, пас дастнатонро бо собун ва ё маҳсулоти спиртӣ бишӯед;
- ниқоби тар ва ё намкашидаро бояд бо ниқоби хушку нав иваз кунед;
- ниқобҳои истифода барои як борро дубора истифода накунед;
- ниқоби истифодаи як борро фавран ба партовгоҳ партоед.
Вақти нигоҳубини бемор ва анҷоми иртибот бо ӯ ҳатман бояд ниқобро кашед ва фаврӣ дастонатонро бо собун ё маҳлулҳои дигари тамйизӣ бишӯед. Ниқоб танҳо замоне ба шумо лозим аст, ки дар миёни одамони зиёд гаштугузор мекунед, дар нақлиёт сафар доред ва ё бемори гирифтори вирусро нигоҳубин мекунед. Дар ҳавои кушод ва ҷойҳои беодам пӯшидани он ҷоиз нест. Дар кӯча, вақте шумо мехоҳед аз обу ҳавои тоза нафас кашед, пӯшидани ниқоб зарурат надорад.Аммо табибон мегӯянд пӯшидани ниқоб ин ягона роҳи пешгирӣ аз сироят ба вирус нест ва кафолати пурра ҳам надорад. Барои сироёт наёфтан чораҳои дигари пешгирикунандаро бояд ҳатман риоя намоед.
ҚОИДАИ 5. ДАР ҲОЛИ ГИРИФТОР ШУДАН БА САРМОХӮРДАГӢ ВА Ё КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД?
Дар хона бимонед ва таъҷилан ба духтур муроҷиат намоед.Тибқи тавсияҳои духтур амал кунед, бештар об истеъмол кунед.
НИШОНАҲО КАДОМАНД?
Таби баланд, вараҷа дар бадан, сардардӣ, заифӣ, оби бинӣ, сулфа, мушкилӣ дар нафаскашӣ, дард дар мушакҳо, илтиҳоби мултиҳима. Дар баъзе ҳолатҳо метавонад дилбеҳузурӣ, қайъ, исҳол ё дарунравӣ дошта бошад.
МУШКИЛОТ ДАР ЧИСТ?
Дар байни мушкилот илтиҳоби вирусӣ пешсаф аст. Ҳангоми илтиҳоби вирусӣ вазъи саломатӣ ба шиддат бад мешавад, дар бисёре аз беморон дар 24 соати аввал аллакай нафаскашӣ мушкил мешавад ва ба ҳимояти фаврии нафасӣ ниёз пайдо мекунанд. Шуруъи табобати зуд барои ҳалли ин мушкил ёрӣ мерасонад.
ЧӢ БОЯД КАРД АГАР ДАР ХОНА КАСЕ БА ИН ВИРУС СИРОЯТ ШУДА БОШАД?
Духтурро даъват кунед. Барои бемор ҳуҷраи алоҳидаро ҷудо кунед ва агар ин имконпазир набошад, фосилаи на камтар аз 1 метр аз беморро риоя намоед.
Иртиботи беморро бо наздиконаш маҳдуд кунед, бахусус талош кунед кӯдакон ва солмандон бо вай робита надошта бошанд. Ҳавои хонаро тез-тез тоза кунед. Тозагиро риоя намоед, асбобу анҷоми маишӣ, бахусус косаву табақ, чойнику пиёлаҳоро зуд-зуд бишӯед.Дастонатонро бештар бо собун ва ё моеи шустушӯӣ бишӯед. Ҳангоми нигоҳубини бемор даҳонатон ва биниатонро бо ниқоб ва дигар воситаҳои ҳифозатӣ (рӯмол, шарф ва ғайра) бипӯшед.Танҳо як нафар аз узви оила бояд беморро нигоҳубин кунад.Ва боз ҳам дар бораи қоидаҳои бехатарӣ:
Аз панҷ кишвари Осиёи Миёна дар сетоаш вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз ин рӯ, дар бораи ҷаншнгирии анъанавии Навруз-21 март маҷоли сухан гуфтан ҳам набуд. Аммо тоҷикистониён (ва ҳамчунин туркманҳо) тарки анъанаи деринаи худ накарданд ва Наврузро бо ҷашнҳои ҳамагонӣ ва раҳпаймоиҳои пурдабдаба пешвоз гирифтанд. Расонаҳо дар мавриди кароновирус ба тоҷикистониён чӣ гуфтанд, ки онҳо дилпурона дар Навруз ба сайру гашт баромаданд? Дар ин бора матлаби моро мутолиа намоед
Хабарҳои нахустини оид ба коронавирус -COVID-19 дар ВАО-тоҷик ҳануз дар моҳи январ пайдо шуданд, замоне ки ин беморӣ дар Осиё шуруъ ба паҳншавӣ дошт. Расонаҳои маҳаллӣ ба сустӣ дар бораи навъи ҷадиде аз вирус менавиштанд, ки ба Чину Корея ҳамла мекунад. Ин матлабҳо қариб ки мавриди таваҷҷуҳи аудитория қарор намегирифтанд, масалан, дар сомонаи “Азия-Плюс” ба матлаби нахустинаш бо пайванд ба “Медуза”, ки ба мавзуи короновирус бахшида шуда буд, ҳамаги 575 корбар таваҷҷуҳ намудааст. Кӣ гуфтан метавонист, ки ҳамагӣ якунимоҳ баъд матлабҳо дар ҳамин мавзуъ дар сомонаи басташудаи “Азия-Плюс” то 40 ҳазор бинанда пайдо мекунанд. Дар ин мавзуъ ба зудӣ дар сомонаи нашрия ба андозае матлаб ҷамъ шуд, ки “Азия-Плюс” рубрикаи махсусе бо номи “Ҳама чиз дар бораи короновируси чинӣ” кушод ва то рузи душанбе-23 март алакай матнҳои ҷамъоваришуда 23 саҳифара ташкил доданд
Дар айни ҳол ҳамаи рӯзноманигорони тоҷикро лозим меомад, ки дар шароити ниҳоят шадид кор кунанд: аз аввали моҳи март, мақомоти марбута бо хабарнигорон дар бораи он, ки дар ҷумҳурӣ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, иттилоъ намедоданд, аммо бо вуҷуди хомӯшии комил давлат як қатор чораҳо низ андешид, масалан, бемористонҳоро омода намуд ё фурудгоҳҳоро баст. Пайдо кардани коршиносони салоҳиятдор оид ба ин мавзӯъ он қадар осон набуд, илова бар ин, ҳазорҳо хабару иттилоияҳои қалбакӣ-дуруғин бар сари ВАО афтоданд, ки сарфаҳм рафтанашон кори осон набуд.
Муддати тӯлоние дар расонаҳои Тоҷикистон ҳикояҳои инсонии марбут ба коронавирус вуҷуд надоштанд. Вақте дар аксари кишварҳо шаҳрвандони воридшударо дар ҳолати карантин қарор медоданд, Тоҷикистон низ аз ин кор пайравӣ намуд. Аммо агар дар дигар давлатҳо одамоне, ки дар карантин буданд, бо хабарнигорон бо майли том тамос мегирифтанд, дар Тоҷикистон то охирин лаҳзаҳо расонаҳо намедонистанд, ки бо мардум вақти дар карантин буданашон чӣ рух медиҳад.
Ин сукутро сомонаи нави Your.tj шикаст: 17 март дар он қиссаи Таҳмина Нағзибекова нашр шуд, ки баъди бозгашт аз Амрико ва ҳамзамон дар вазъи бордорӣ ба карантин уфтода, гирифтори шароити ваҳшатноке гардид. Ин қиссаро билофосила дигар расонаҳо ҳам нашр намуда, дар бораи саргузашти Таҳмина нақл карданд. Масалан,”Азия-Плюс” ҳамин қиссаро баъди Your.tj бо тафовути якчанд соат нашр кард. Дар ҳар ду ҳолат ҳам Таҳмина аз шароити ғайриинсонии истироҳатгоҳи аз замони шуравӣ ба мерос монда, ки дар он мусофирони ба тозагӣ баргаштара ҷой дода буданд, дар бораи дағалии кормандони тиб ва набудани оби нушокӣ нақл мекард.
Таҳмина Нағзибекова, АП
Тахминан як руз баъд Таҳмина дар саҳифаи фейсбукиаш бар бораи он хабар дод, ки ӯро ба ҳуҷраи дигар гузаронидаанд, ки шароиташ андаке беҳтар аст. Пас аз се рузи нашри қиссаи Таҳмина, “Азия-Плюс” матлаби дигаре аз минтақаи карантин нашр намуд, ки дар он шароити буду бошро комилан баръакс тавсиф мекарданд. Қаҳрамони мақола Ситора Ҷонмамадова дар бораи он нақл мекард, ки чи тавр кормандони тиб хушмуомилаанду чи тавр дар онҷо ғизои болаззат медиҳанд. Алакай баъди Навруз “Радиои Озодӣ” нақл кард, ки ба лутфи танқид дар ВАО тахминан шароити будубоши 5оо тоҷикистонии дар карантин бударо беҳтар намудаанд.
Пас аз он ки Тоҷикистон парвози тайёраҳоро манъ кард, нашрияи Your.tj ба гирдоварии достонҳои тоҷикистониёне шуруъ кард, ки вобаста ба карантин ба Ватан баргаштан наметавонанд.
Ҳангомаҳо ва навбат барои хариди орд
Радиои Озодӣ
ВАО хабар медоданд, ки дар заминаи чунин воҳимаҳо нархи маводи ғизоии асосӣ якбора баланд гардид.
Озмоишҳо
Муллораҷаб Юсуфӣ
Чунин озмоишро хабарнигорони Your.tj низ гузаронданд: хабарнигор аз чанд озмоишгоҳи Душанбе бо баҳонаи тамос доштанаш бо шаҳрванди Итолиё, ки аз сафари Бадахшон баргаштааст, дидан кард ва тавонист озмоишҳоро бисупорад. Дар ҳамин ҷо хабар ҳам додаанд, ки Тоҷикистон дар ихтиёри худ 3 ҳазор тест дорад, ки онҳоро аз тариқи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Россия ба даст овардааст.
Бо ҷашнҳои оммавӣ чи бояд кард?
Аммо, воқеан, достони аҷибтарин омодагӣ ба ҷашни Навруз аст. Гап сари он аст, ки бесарусомонӣ дар бозорҳои маводи ғизоӣ пас аз он оғоз ёфт, ки Вазорати илм ва маъорифи кишвар тасмим гирифт роҳпаймоиҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни Навруз ва 30- солагии истиқлоли кишвар таваққуф кунад ва тасмимашро ҳамчун пешгирӣ аз интишори короновирус номид. Тоҷикистониён алайҳи раҳпаймоиҳо бо иштироки донишҷуён солҳо боз бидуни натиҷа дар расонаҳо мунтазам мегуянд, вале пас он ки мақомот ногаҳон довталабона онро манъ карданд, мардум фикр карданд, ки вазъ дар кишвар тамоман бад аст.
Радио Озодӣ
Дар нимаи рузи 13 март вазири тандурустии ҶҚ Елжан Биртанов дар нишасти хабарии махсус ба журналистон оид ба сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба короновирус дар кишвар хабар дод. 15 март оид ба аввалин ҳолати COVID-19 мақомоти Узбекистон эълон карданд. 18 март дар мавриди бақайдгирии ҳолатҳои гирифторӣ бо короновирус мақомот Қирғизистон гуфтанд.
НИАТ “Ховар”
19 март журналистон хабар доданд, ки рузи 20 март дар кишвар масҷидҳо барои намозгузорон кушода мешаванд. 20 март расонаҳои ватанӣ дар бораи он хабар доданд, ки СҶТ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз маросимҳои оммавӣ худдорӣ намояд, аммо субҳи 22 март ҳамаи каналҳои телевизионии давлатӣ пахши мустақими ҷашни ботантанаи Наврузро бо иштироки президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон тоҷикистониён ба сифати тамошобинону иштирокчиён шуруъ намуданд. Дар шаҳрҳои кишвар гуруҳ -гуруҳ одамон бо либосҳои идона сайру гашт мекарданд, тамоми консерту ҷашнвораҳои қаблан эълоншуда баргузор мешуданд. Аксарияти журналистони тоҷик аз паси ҷашнҳои дурударозӣ наврузӣ рафтанд, ба истиснои ВАО давлатӣ ва мухбирони нашрияҳои мустақил аз нақл дар бораи ҷашн худдорӣ намуданд.
Коронавирус як намуди вирусест, ки сироятҳои роҳи нафасро ба вуҷуд меорад, ки одатан ҳалим аст, аммо дар баъзе ҳолатҳо марговар аст. Ягон ваксина ё доруҳои зидди вирусӣ вуҷуд надоранд, ки барои пешгирӣ ё табобат тасдиқ карда шудаанд. Коронавирусҳо вирусҳои бо геномҳои яктарафаи РНК-и мусбӣ ва бо нуклеокапсидҳои симметрияҳои мушак мебошанд. Коронавирусҳо дар солҳои 1960 кашф карда шуданд; Қадимтарин кашфиётҳо вируси сирояти бронхит дар чӯҷаҳо ва ду вирус аз холигоҳи бинии беморони инсон бо хунукии муқаррарӣ буданд, ки баъдан инсон coronavirus 229E ва коронавируси OC43 номида шуданд. Гумон меравад, ки коронавирусҳои зиёде мавҷуданд, ки ба ҳайвонҳо сироят мекунанд, танҳо баъзеҳо то ба ҳол тавассути ғизо ба инсон интиқол ёфтаанд. Коронавирус метавонад дар баъзе ҳолатҳо ба нокомии узвҳо оварда расонад ва ин боиси марговар мегардад.
Намудҳои коронавирусҳо
Ҳафт штамми коронавирусҳои инсонӣ мавҷуданд:
- Коронавируси инсон 229E (HCoV-229E) - як навъи якранг, мусбат ва дорои вируси РНК дар насли Алфакоронавируси subfamily Coronavirinae, дар оилаи Coronaviridae, аз амри Нидовиралес. Дар баробари коронавируси инсон OC43, он дар байни вирусҳое мебошад, ки барои хунукии умумӣ масъуланд
- Коронавируси инсон OC43 (HCoV-OC43) - як зерсохторҳои вируси РНК-и мукаммалгашта дар намуди Betacoronavirus 1 (генетик Betacoronavirus, subfamily Coronavirinae, оилаи Coronaviridae, фармоиш Нидовиралес)
- Коронавируси шадиди нафаскашии шадид ва нафаскашӣ (SARS-CoV, SARSr-CoV) - вирусест, ки синдроми шадиди роҳи нафасро (SARS) ба вуҷуд меорад
- Коронавируси инсон NL63 ё HCoV-NL63 - як намуди Алфакоронавирус аст, ки пеш аз ҳама дар кӯдакони хурдсол, пиронсолон ва беморони масунияти гирифтори бемориҳои шадиди роҳи нафас пайдо мешавад
- Коронавируси инсон HKU1 (HCoV-HKU1) - вируси мусбати яктарафаи РНК бо генофонди HE, ки онро ба гурӯҳи 2 ҷудо мекунад ё Betacoronavirus
- Коронавирус, ки ба синдроми нафасии синдроми нафасии Шарқӣ наздик аст (MERS-CoV) ё EMC / 2012 (HCoV-EMC / 2012) - як вируси нави мусбӣ-яктарафаи РНК-и генетикии Betacoronavirus мебошад
- COVID-19 ё koronavirus Wuhan, ё 2019 нав коронавирус (2019-nCoV) - вируси сироятёфтаест, ки сирояти нафасро ба вуҷуд меорад ва шаҳодати интиқоли одам ба одам мебошад, ки онро мақомоти маҳаллӣ бори аввал дар Вуҳан, Ҳубей, Чин муайян кардаанд.
COVID-19 (коронавируси Вуҳан)
Синдроми шадиди роҳи нафаскашии коронавирус 2 (SARS-CoV-2), ки қаблан бо номи нав коронавируси 2019 (2019-nCoV) ном дошт, вируси яктарафаи РНК-и мусбӣ мебошад. Он дар байни одамон сироятовар аст ва сабаби бемории коронавирус 2019 (COVID-19) мебошад. Эмкунӣ нест. Дар санаи 31 декабри соли 2019, шиддати нави коронавирус, ки аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт расман 2019-nCoV таъин шудааст, дар шаҳри Вуҳани Чин гузориш дода шуд, ки барои хуруҷи коронавируси Вуҳан 2019–20 масъул аст. Штамми Вухан ҳамчун штамси нави Betacoronavirus аз гурӯҳи 2B бо
70% шабеҳи генетикӣ ба SARS-CoV муайян карда шуд.
SARS-CoV-2 ба коронавирусҳои маъруф генетикаи генетикӣ дорад, ки эҳтимол дорад, зоотехникӣ дар камонҳо ба вуҷуд оянд, гарчанде ки ба назар мерасад як обанбори фосилавӣ ба монанди панголин. Аз нуқтаи назари таксономӣ SARS-CoV-2 ҳамчун штамми намудҳо гурӯҳбандӣ мешавад, ки бо коронавируси ба синдроми шадиди роҳи нафас алоқаманд аст. SARS-CoV-2 сабаби сар задани идомаи идомаи коронавируси 2019-20, фавқулоддаи фаврии тандурустии ҷамъиятии нигарониҳои байналмилалӣ, ки дар шаҳри Ухани Хитой пайдо шудааст. Аз ин сабаб, баъзан вирус ба ғайрирасмӣ, дар байни лақабҳои дигар, ҳамчун “коранавируси Вуҳан” номида мешавад.
Интиқоли коронавирус
Нишонаҳои коронавирус
Гумон меравад, ки Коронавирус фоизи калони ҳамаи хунукиҳои маъмулиро дар калонсолон ва кӯдакон меорад. Одамони калонсол ва онҳое, ки мушкилоти асосии тиббӣ ба монанди фишори баланди хун, мушкилоти қалб ё диабет доранд, эҳтимол дорад, ки бемориҳои ҷиддӣ инкишоф ёбанд. Одамон метавонанд бо вирус дар муддати 1 то 14 рӯз пеш аз пайдо шудани нишонаҳо бемор шаванд. Баъзе одамон мубтало мешаванд, аммо ягон нишона инкишоф намеёбанд ва худро бад ҳис намекунанд. Баъзе аз нишонаҳои коронавирус инҳоро дар бар мегиранд:
- табларза
- Бӯйҳои хунук
- Сулфаи шадид / сулфаи хушк
- Нафаскашии душворӣ / кӯтоҳии нафас
- Аденоиди варам дард / гулу
- Синдроми шадиди роҳи нафас
- Ноустувории гурда
- Тайфӣ
- Ачҳо ва вазнин
- Бузургии нохуш
- Diarrhea
- Бронхит, ё бронхити мустақими вирусӣ ё бронхит дуюмдараҷа
- Пневмония, ё пневмонияи мустақими вирусӣ ё пневмонияи дуюмдараҷаи бактериявӣ
Ташхиси коронавирус
Коронавируси Вуҳан бо истифодаи реаксияи занҷири полимеразаи воқеӣ (RT-PCR) озмуда мешавад. Техника барои муайян кардани RNA вирусӣ дар намунае, ки аз бемор ҷамъ оварда мешавад, истифода мешавад. Намунаи он метавонад аз варамҳои гулӯ, намунаҳои сулфа ё ҳатто намунаи хун бошад, агар бемор сахт бемор бошад.
Пешгирии коронавирус
Тавсияҳои стандартӣ барои пешгирии сироятҳои минбаъда иборатанд аз:
- Дастҳоро мунтазам ва бодиққат бо рубои спирти дастӣ тоза кунед ё бо собун ва об шустед.
Чаро? Шустани дастҳои худро бо собун ва об ё истифодаи рублҳои спиртӣ, вирусҳоеро, ки дар дасти шумо ҳастанд, мекушад. - Дар масофаи на камтар аз 1 метр (3 фут) аз байни худ ва касе, ки сулфидан ё snes мекашад, ҷойгир шавед. Вақте ки касе сулфа мекунад ё газ мекунад, онҳо аз бинӣ ё даҳонашон қатраҳои моеъ доранд, ки метавонанд вирус бошанд. Агар шумо хеле наздик бошед, шумо метавонед дар қатраҳо нафас гиред, аз ҷумла вируси COVID-19, агар шахси сулфида бемор дошта бошад
- Ба чашмҳо, бинӣ ва даҳон даст нарасонед. Дастҳо ба бисёр ҷойҳо мерасанд ва метавонанд вирусҳо гиранд. Пас аз сироят ёфтан, дастҳо метавонанд вирусро ба чашм, бинӣ ё даҳонатон интиқол диҳанд. Аз он ҷо, вирус метавонад ба бадани шумо ворид шавад ва шуморо бемор кунад
- Боварӣ ҳосил кунед, ки шумо ва одамони гирду атроф гигиенаи хуби нафаскаширо риоя кунед. Ин маънои онро дорад, ки ҳангоми сулфидан ё хӯрдан даҳон ва бинии худро бо оринч ё хамираи худ пӯшонед. Он гоҳ матоъҳои истифодашударо фавран ихтиёр кунед. Қатраҳо вирусро паҳн мекунанд. Бо риояи гигиенаи хуби нафас шумо одамони гирду атрофатонро аз вирусҳо, аз қабили сармо, зуком ва COVID-19 муҳофизат мекунед
- Агар худро бад ҳис кунед, дар хона монед. Агар шумо табларза, сулфа ва нафаскашии мушкил дошта бошед, ба духтур муроҷиат кунед ва пешакӣ занг занед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии тандурустиро риоя кунед. Мақомоти маҳаллӣ ва маҳаллӣ дар бораи вазъияти минтақаи шумо маълумоти навтарин ба даст меоранд. Пеш аз занг задан ба провайдери тиббии шумо имкон медиҳад, ки шуморо зуд ба муассисаи тиббии дуруст равона кунед. Ин инчунин шуморо муҳофизат мекунад ва ба паҳншавии вирусҳо ва дигар сироятҳо кӯмак мекунад
- Дар бораи нуқтаҳои охирини COVID-19 иттилоъ диҳед (шаҳрҳо ё маҳалҳои аҳолинишин, ки дар он COVID-19 васеъ паҳн мешавад). Агар имконпазир бошад, аз сафар ба ҷойҳо дурӣ ҷӯед, хусусан агар шумо шахси калонсол бошед ё гирифтори диабети қанд, дил ё шуш бошед. Шумо эҳтимолияти сайд кардани COVID-19 дар яке аз ин маҳалҳо зиёдтар доред
Чӣ гуна коронавирус мекушад
Аксари ҷабрдидагони коронавирус аз мушкилот, аз он ҷумла пневмония ва варам дар шуш мемуранд. Пневмонияи шадид метавонад одамонро бо роҳи "дар" моеъ ғарқ кардани шуш ба ҳалокат расонад. Вирус инчунин варами системаи нафаскаширо ба вуҷуд меорад, ки метавонад шушро ба оксигени хун интиқол дода, боиси нокомии узвҳо ва дар ниҳоят марг гардад.
Читайте также: